Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / ХИЗР – Хоҷаи Хизр

ХИЗР – Хоҷаи Хизр

ХИЗР Хоҷаи Хизр, яке аз образҳои бадеии адабиёти даҳонакӣ ва хаттии тоҷик аст. Манбааш ривоятҳои динии мусулмонӣ. Дар тафсирҳои Қуръон ӯ ҳамсафари Мӯсои пайғамбар буда, бо муъҷизаҳояш ӯро ба ҳайрат меовард. Дар дигар ривоятҳо гӯё ҳамроҳи Искандари Мақдунӣ дар ҷустуҷӯи оби зиндагӣ (оби ҳаёт) ба Зулмот рафт. Образҳои бадеии оби зиндагӣ (оби ҳаёт, оби ҳайвон, оби Хизр ва ғайра) ба қиссаи Xизр алоқаманд мебошанд. Мувофиқи афсонаҳо Xизр шахсест, ки ҳангоми роҳ рафтанаш аз пайи пояш сабза медамад, бо тадбиру мадади ӯ дармондагон ба мақсад мерасанд. Xизр нигаҳдорандаи мусофирони сафари баҳрӣ мебошад. Дар тасаввури мардуми Осиёи Миёна Xизр (Ҳазрати Ҳизр) пири нурониест, ки ба шахси бо у вохӯрда хушбахтӣ ва саодат мебахшад. Шоирони тоҷик ба тариқи санъатҳои талмеҳ ва ташбеҳ борҳо ба қиссаи Xизр ишораҳо кардаанд. Ҳофиз дар байти зерин Xизрро ёд кардааст:
Оби ҳайвон тирагун шуд, Хизри фаррухпай куҷост?
Хун чакад аз шохи гул, абри баҳоронро чӣ шуд?
А. Афсаҳов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …