Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ХИЗОНАИ АМУДАРЁ

ХИЗОНАИ АМУДАРЁ

ХИЗОНАИ АМУДАРЁ, хизонаест иборат аз 1300 сикка ва 176 ашёи тиллою нуқра. Соли 1877 аз тарафи аҳолии маҳаллӣ дар ҷои резишгоҳи дарёи Кофарниҳон ба Аму, наздикии димнаи Тахти Сангин ёфт шудааст. Кашшофони Xизонаи Амударё тамоми ашёи хазинаро ба тоҷирони бухороӣ Возиуддин, Ғуломмуҳаммад ва Шукуралӣ фурӯхтанд. Ҳангоми ба Хиндустон бурдани хазина дар роҳ тоҷиронро роҳзанон ғорат карданд. Як қисми ашёҳои хизона ба туфайли шуҷоати аскарони сарҳадии англис (бо роҳбарии Ф. Бартон) наҷот дода шуд. Қисми дигари онро англисҳо аз бозорҳои Равалпиндӣ хариданд ва тамоми Xизонаи Амударё ба Музеи Британия супорида шуд, ки то ҳол дар он ҷо маҳфуз аст. Xизонаи Амударёро дар давоми 100 сол аз ҳудуди Британия набаровардаанд. Нахустин бор соли 1979 дар Москва, Ленинград ва Киев намоиш дода шуд. Сиккаи навтарини Xизонаи Амударё ба соли 200 то мелод мансуб аст. Дигар ашёи тиллоию нуқрагӣ, ба мисли зуруф, ҳайкалчаҳо, дастпонаҳо, медалонҳо ва геммаҳо (ҷавоҳири ҳаккокишуда) ба асрҳои 4—2 то мелодӣ тааллуқ доранд. Дар осори Xизонаи Амударё анъанаҳои санъати даврони Ҳахоманишиён, санъати маҳаллии юнонии бохтарӣ ва санъати ба истилоҳ «услуби ҳайвонот»-и скифӣ, ки ба олами бодиянишинон, аз ҷумла бодиянишинони даштҳои Осиёи Миёна вобаста аст, инъикос ёфтаанд.
Дар байни бозёфтҳои Xизонаи Амударё адади тавқҳои тиллоии гардан ва дастпонаҳои печон, ки нӯгҳояшон ба шакли сари ҳайвонҳои дарранда, мор, парранда, оҳую ғизолон ва ғайра сохта шудаанд, зиёд аст. Ду нӯги як ҷуфт дастпонаи печон ба шакли сари ҳайвони дарранда, ки шояд шери болдор бошад, сохта шудаанд. Заркӯби гилофи ханҷар дар ду паҳлӯи қисми болой барҷастагиҳои кимдоира дорад. Рӯи гилоф бо тасвири барҷастаи саҳнаи шикор оро ёфтааст. Шерҳо, шикорчиёни савора, аспҳо, паррандаҳо, морон ва ғайра бо маҳорати баланд тасвир шудаанд. Ғилоф дар охири асри 7— миёнаи асри 6 то мелод сохта Шудааст.
Дар Xизонаи Амударё якчанд модели аробаҳои дучарха ҳастанд, ки яке аз онҳо қариб пурра боқӣ мондааст. Аробаро чаҳор асп мекашад. Аробакаш рост истода, савораи ӯ нишастааст. Дар рӯи девораи пеши ароба сари худо тасвир ёфтааст. Хар як чарх нӯҳ парра дорад. Персонажи асосӣ дар тан либоси модӣ ва дар гардан аз сими тилло тавқ дорад. Аробакаш низ дорои чунин тавқи гардан мебошад, аммо либоси ӯ аз тунукаи кӯтоҳ иборат аст. Аз шонздаҳ пои аспҳо танҳо нӯҳтоаш боқӣ мондааст.
Муҷассамаи рехтаю ҳаккокишудаи нуқрагии ҷавони бараҳна, ки рост истода, дастонашро аз оринҷ қат карда, ба пеш дароз кардааст, ҷолиби диққат аст. Дар муштҳои ҷавон сӯрохиҳо ҳастанд, ки дар онҳо шояд гул ҷой гирифта бошанд. Дар сар тиара (кулоҳи конусшакли баланди тиллон) дорад. Сӯрохии гӯшаш намоён аст. Сарашро ҷудогона рехтаанд. Шояд ин муҷассама тасвири эллинистии худои шарқиён Меҳр (Митра), яъне Аполлон бошад. 53 адад лавҳаҳои росткунҷаи тиллоӣ, ба даст омаданд, ки дар рӯи ҳар яке асосан ҷуссаи мардҳо аз паҳлӯ тасвир шудаанд. Дар дасти ҳамаи онҳо якдастагӣ навда ҳаст, аксари онҳо либоси модӣ дар бар кардаанд, баъзеҳо дар камар акинак доранд. Дар як лавҳа ҷуссаи зан хеле ноуҳдабароёна тасвир карда шудааст, дар ду лавҳа уштурро тасвир кардаанд. Xизонаи Амударё аз дараҷаи баланди тараққиёти маданияти аҷдоди халқи тоҷик шаҳодат медиҳад.
Ӯ. Пулодов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …