Маълумоти охирин

ХИТОЙ

ХИТОЙ, Чин, Республикаи Халқии Хитой, Ресспубликаи Халқии Хитой, давлатест дар Осиёи Марказӣ ва Шарқӣ. Аз шарқ бо баҳрҳои Зард, Шарқи Хитой ва Ҷануби Хитой иҳота шудааст. Қад-қади соҳил ҷазираҳои сершумор (калонтаринашон ҷазираҳои Тайван ва Хайнан) мавҷуданд. Масоҳаташ 9,6           млн км2. Аз ҷиҳати миқдори аҳолӣ калонтарин мамлакати ҷаҳон мебошад—1046,39 млн нафар. (1985); тақрибан 1/5 қисми аҳолӣ дар шаҳрҳо истиқомат мекунанд; аҳолии Xитой сермиллат (беш аз 50 халқият) аст. 94% аҳолӣ хитоиҳо (хан) буда, боқимонда хуэйҳо, уйғурҳо, манҷурҳо, исзу, тибетиҳо, буи, мяо ва ғайра.

xitoy

Забоии расмӣ — хитоӣ. Диндорон асосан ба буддоия, даосия ва конфусийчигӣ эътиқод доранд. Қариб 90% аҳолӣ дар ноҳияҳои шарқии мамлакат истиқомат мекунанд. Воҳидҳои маъмурию территориявии Xитой: 22 музофот, 5 райони автономӣ, 3 шаҳри тобеи марказ — Пекин (пойтахти Xитой), Шанхай, Тянсзин. Органи олии ҳокимияти давлатӣ — Маҷлиси умумихитоии намояпдагони халқ (МУНХ; депутатҳои музофотҳо, районҳои автономӣ, шаҳрҳои тобеи марказ ва армия). Органи доимоамалкунандаи МУНХ Комитети доимӣ мебошад.

Қисми ҷанубу ғарбии мамлакатро асосан кӯҳсори Тибет (баландии миёнааш 4500 м) ишғол кардааст. Кӯҳсори Тибетро силсилаи кӯҳии Ҳимолой (баландиаш то 8848 м, қаторкуҳи Ҷомолунгма), Қароқурум, Кунлун ва куҳҳои Наншан, Синою Тибет иҳота кардаанд. Дар ғарб ва шимолу ғарб ҳамвориҳои васеи Кошғар, Ҷунгария, Алашан ва куҳҳои Тиёншони Шарқӣ мавҷуданд. Қисми шарқии мамлакат на он қадар баланд аст; дар шимолу шарқ кӯҳҳои Манҷурияю Корея, Хингани Калон ва Хингани Хурд, дар ҳавзаи дарёи Сунгари ҳамвориҳо мавҷуданд. Ҷанубтар аз водии дарёи Янмзи пуштакӯҳҳои лёссӣ, ҳамвории Бузурги Хитой, дар ҷануб кӯҳсори Нанлин, Юннан-Гуйчжоу воқеъ гаштаанд. Иқлими Xитой дар ғарб континентист, дар шарқ бештар муссонӣ. Ҳарорати миёнаи январ аз — 24°С (дар шимол) то 18°С (дар ҷаиуб), июл мувофиқаи 20— 28°С. Боришоти солона дар, ҷанубу шарқ то 2500 мм, дар шимолу ғарб 50 мм. Дарёҳои ҳамвориҳои ғарби мамлакат камобанд ва аксари онҳо тобистон хушк мешаванд. Дар шарқи мамлакат дарёҳои пуроб ва пуртуғён бисёранд. Дарёҳои асосӣ: Янсзс, Хуанхэ, Сунгари, Сисзян. Дар шимолу ғарб биёбони Такла-Макон. дар шимол як қисми биёбони Гоби ҷой гирифтаанд. Қариб 8% майдони Xитой бешазор аст. Xитой дар минтақаҳои мӯътадид, субтропикӣ ва тропикӣ воқеъ гаштааст.

Дар асри 14 то мелод дар Хитои Қадим давлати ибтидоии ғуломдории Ин ташкил ёфта буд. Дар асри 11 то мелод. Инро қабилаи Чжоу забт кард. Давлати Чжоу дар асрҳои 7—6 то мело ба чанд шоҳигарии мустақил ҷудо шуд. Охири асри 3 дар Xитой аввалин Империяи мутамаркази Син ба вуҷуд омад, сипас ба ҷои он империяи Ҳан (206 то мело—220 м.) ташкил шуд. Дар асрҳои 3—6 Хитойи феодалӣ ба чанд давлатҳои мустақил ҷудо шуд. Охири асри 6 мамлакатро сулолаи Суй боз муттаҳид намуд. Дар давраи ҳукмронии сулолаи Тан (618—907) ҷанги деҳқонон (874—901) сар зад. Дар асри 12 ба шимоли Хитой қабилаҳои кучманчии чжурчжэн омаданд. Дар нимаи дуюми асри 13 Хитойро муғулҳо забт карданд (нигаред Истилои муғул). Дар натиҷаи муборизаи халқ соли 1368 асорати муғул барҳам хӯрд. Дар охири хукмронии сулолаи Мин (1368— 1644) ҷанги деҳқонон (1628—45) рӯй дод. Барои пахш кардани ин ҷанг феодалҳои Хитой аз князьҳои манҷурӣ мадад талабиданд. Манҷурҳо дар Хитой ҳукумати худро барпо намуданд (сулолаи онҳо Син дар Хитой солҳои 1644— 1911 ҳукмрон буданд). Миёнаи асри 19 ба муқобили Хитой таҷовузи мамлакатҳои капиталистӣ сар шуд. Дар натиҷаи як қатор ҷангҳо Хитой маҷбур шуд, ки ба шартномаҳои нобаробарҳуқуқ имзо кунад. ШМА, Франсия ва Англия дар ҷанги деҳқонии тайпинҳо (1850—64) ба Синҳо ёрӣ расонданд. Аз солҳои 70 асри 19 сар карда дар Хитой капитализм инкишоф ёфт. Интервенсияи мамлакатҳои хориҷа пурзӯр шуд. Дар натиҷа охири асри 19 мамлакат ба қисмҳо ҷудо шуд, шӯриши Ихэтуан (1899—1901) пахш гардид ва ғайра. Дар аввали асри 20 Xитой ба ниммустамлика табдил ёфт. Дар мамлакат ҳаракати революсионӣ бо роҳбарии Сун Ятсен оғоз ёфт. Революсияи Синхай (1911—13) сулолаи Синро сарнагун намуд, вале ҷабру зулми феодалию имлериалистиро барҳам надод. Таҳти таъсири Револютсияи  Кабири Сосиалистии Октябр дар Хитой ҳаракати зиддиимпериалистӣ ва зидди феодалӣ вусъат гирмфт. Соли 1921 Партияи коммунистии Хитой (ПКХ) ташкил гардид. Соли 1925 революсияи миллӣ (мазмунан револютсияи буржуазн-демократӣ) сар шуд; соли 1927 қувваҳои демократӣ муваққатан шикаст хӯрданд ва дар Партияи коммунистии Хитой давлати гоминданчиён барпо гардид, ки манфиати помешикон ва буржуазияро ҳимоя мекард. Боқимондаҳои қӯшунҳои революционӣ ба ноҳияҳои дурдаст рафта таҳти роҳбарии Партияи коммунистии Хитой корҳои революсиониро давом медоданд. Соли 1931 Япония шимолу шарқи Хитойро забт намуд ва соли 1937 бо мақсади забт кардани тамоми Хитой ҷанг сар кард. СССР ба халқи Хитой ёрии ҳаматарафа расонд. Соли 1945 аз тарафи Армияи Советӣ торумор гардидани армияи Квантун ва озод шудани шимолу шарқии Xитой барои муборизаи қувваҳои

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …