Маълумоти охирин

ХИТОБА

ХИТОБА, хитобат, хатобат (арабӣ-гуфтор, сухангӯӣ), порчаи асари мансур, манзум ва ё суханеро гӯянд, ки ба мухотиб гуфта мешавад. Дар илми маонӣ ва баён хитоба ҳунари сухансароию суханварн буда, ҷузъи санъати воизӣ ҳисоб мешуд. Воизон, ки маҳорати сухангӯию суханрониҳои шево доштанд, аз хитоба хеле моҳирона истифода мебурданд.

Дар Ғарб хитобаро декламасия (аз лотинӣ declamatio — зебогуфторӣ) меномиданд, ки он аз Рими Қадим сар карда, унсури муҳимми санъатӣ воизӣ (ораторӣ) ҳисоб меёфт. Ҳоло декламасия яке аз усулҳои хониши бадеӣ шуморида мешавад. Даъвату хитоба яке аз шаклҳои асосии адабиёти инқилобии тоҷик дар солҳои бист буд. Шеърҳои «Ба муносибати ҳиҷрат ба Самарқанд ва «Марсия»-и Айнӣ, «Асари омол» ва «Хитоб ба фуқарои Бухоро»-и Ҳамдӣ, «То ба кай» ва «Баёни ҳол»-и Мунзим ва ғайра намунаи осори революсионии арафаи Инқилоби Бухоро мебошанд, ки ба даъватҳои шӯълавар ба ғалабаи револютсия халқӣ ёрӣ расонданд.

Солҳои 20—30 дар адабиёти тоҷик баъзе шеърҳо эҷод гардидаанд, ки онҳоро бештар ба таври шифоҳӣ, рӯ ба руи сомеон хеле мутантан ва оҳангнок мехонданд. Дар зерн унвони ин гуна шеърҳо баъзан калимаи «декламасия»-ро ҳам менавиштанд. Дар назми советии тоҷик як навъи нидои риторикӣ ва муроҷиати пурэҳтиросро низ хитоба мегуянд. ки намунаҳои онро дар эҷодиёти Пайрав («Навиди Вахшстрой», «Як қурбонии кӯчаи буржуазии Аврупо»), Ҳабиб Юсуфӣ ва дигарон дарёфтан мумкин аст.       С. Табаров.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …