Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ХИСРАВИИ САРАХСӢ Абубакр Муҳаммад ибни Алӣ

ХИСРАВИИ САРАХСӢ Абубакр Муҳаммад ибни Алӣ

ХИСРАВИИ САРАХСӢ Абубакр Муҳаммад ибни Алӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум), Шоири форс-тоҷик (асри 10). Ба қавли Авфӣ ашъораш бештар ба панду ҳикмат оиданд. Ашъори мадҳӣ низ доштааст. Аа ашъори Xисравии Сарахсӣ абётн парокандае дар сарчашмаҳои адабию таърихӣ ба назар мерасад, ки дар китоби «Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ» гирд оварда шудаанд. Дар сарчашмаҳо баъзе абёти Xисравии Сарахсӣ бо андак дигаргунӣ ва ё айнан ба Рӯдакӣ ва Хусравонӣ низ нисбат дода мешавад. Ин се байт намунае аз ашъори ӯст:

Агар шух бар ҷомаи ман бувад,

Чӣ бошад дилам аз тамаъ ҳаст пок.

* * *

Чаро ин мардуми донову зираксору Фарзона

Ба тимору азоб-андар або давлат бапайкор аст.

Агар гул корад ӯ садбарг або зайтун зи бахти ӯ

Бар он зайтуну он гулбун ба ҳосил ханҷаку хор аст.

С. Воҳидов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …