Маълумоти охирин

ХИСЛАТ

ХИСЛАТ, хӯ, хӯй, дар психология, тарзи комилан собиту устувори ҳаёти руҳии фарди муаиянро гӯянд, ки дар фаъолияту амалия ва ҳолатҳои алоҳидаи рӯҳӣ, инчунин дар рафтору одат, тарзи тафаккур ва давраи эҳсосоти хоси ӯ зоҳир мегардад. Хислати инсон асоси рафтори ӯро ташкил мекунад ва ин ҷиҳати масъаларо хислатшиносӣ (характерология) меомӯзад.

Психологияи советӣ фаҳмиши марксистии инсонро чун маҷмӯи муносибатҳои ҷамъиятӣ ба асос гирифта, ба шароитҳои иҷтимоию таърихӣ вобаста будани хислатро таъкид менамояд, онро ягонагии таркибии фардию типологӣ ва натиҷаи таъсири мутақобили аломатҳои ирсӣ ва сифатҳое мешуморад, ки дар ҷараёни инкишофу тарбияи шахсият ташакул меёбанд.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …