Маълумоти охирин
Главная / Илм / ХИРВОР

ХИРВОР

ХИРВОР, харвор, боре ки як хар бардошта тавонад, ченаки вазн, ки аз давраҳои қадим дар байни халқҳои Шарқ маъмул аст. Xирвор охири асри 10 дар давлати оли Буя (давлати феодалии асримиёнагӣ дар Эрон) ҷорӣ гардид ва он баробари 12 ман (дар ин давлат 1 ман 5/6 кг) буд. Вақте ки Ғазолхон дар давлати Ҳалокуиён тақрибан соли 1300 ченаки вазнро ба тартиб даровард, Xирворро 100 1ман (ё 83,2 кг) муқаррар намуд.

Соли  1440 дар вилояти Форс Xирвор баробари 200 мани шаръи (166,4 кг) буд. Дар Эрон, аз миёнаи асри 14, сар карда, Xирвор баробари 100 мани калон (288 кг) муқаррар гардид. Минбаъд Xирвор дар мамлакатҳои алоҳида тағйир ёфт. Ҳоло дар Эрон Xирвор ба 300 кг баробар аст. Дар Осиёи Миёна баъди барпо шудани Ҳокимияти Советӣ Xирвор ҳамчун ченаки вазн барҳам хӯрд.

Адабиёт: Xинс В., Мусульманские меры и веса с переводом в метрическую систему, Москва, 1970.                           А. Қушматов.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …