Маълумоти охирин

ХИРС

ХИРС (Ursidae), як навъ ҳайвони даррандаро гӯянд. Бино ба таснифоти зоологӣ хирс як оилаи ширхӯрҳост. Дарозиаш 1,5—3 м, вазнаш аз 60 то 700 кг. 7 намуди хирс  (айнакдор, лабдароз, малайӣ, ҳимолой, малла, сафед ва барибал) маълум аст.

xirs

Аксари онҳо дар ноҳияҳои нимкураи шимолӣ маскун шудаанд, фақат хирси айнакдор дар Америкаи Ҷанубӣ вомехӯрад.

Дар ҷангалзори Тоҷикистон хирси малла (U. агctos) зиндагӣ мекунад. Вазнаш зиёда аз 300 кг. Хӯрокаш мева, ҷалғӯза, реша, чормағз ва инчунин ҳашарот, кирм, калтакалос, моҳӣ, қурбоққа, хояндаҳо аст. Аз тирамоҳ ба хоби зимистона меравад. Давраи ҳамлаш 7 моҳ; дар 2 сол як маротиба (одатан дуто) бача мезояд.

Xирс 30—40 сол умр дида, дар 3—4- солагӣ афзоиш мекунад. Равғану талхаашгро дар тиб истифода мебаранд. Саршумори ҳамаи намудҳои хирс кам шудааст ва аз ин сабаб онҳоро дар бисёр кишварҳо (аз ҷумла дар Тоҷикистон) муҳофизат мекунанд.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …