Маълумоти охирин

ХИРОҶ

ХИРОҶ, (арабӣ, хароҷ, андозост, ки аз маҳсулоти замин гирифта мешуд. Дар мамлакатҳои Шарқ, аз ҷумла Осиёи Миёна ба замин хироҷ меандохтанд.

Хироҷро асри 7 дар Осиёи Миёна арабҳо ҷорӣ карданд. Дар аҳди Тоҳириён ва Сомониён (асрҳои 9—10) давлат аз аҳолӣ мунтазам ҳаҷми муқарраршудаи хироҷро (баъзан ҳатто соле ду маротиба аз ҳисоби соли оянда) меситонид. Xироҷ дар Бухоро аввал кам (камтар аз 200 ҳазор дирҳами нуқра) буд. Дар аҳди Қарахониён, Ғазнавиён ва Салҷуқиён (асрҳои 11—12) аъёну ашрофоне, ки мулкҳои калон ва имтиёзҳои зиёде доштанд, одатан хироҷ намедоданд.

Xироҷ ҳамчун андози асосии замин— рента дар ахди Темур ва Темуриён бо ду усул: молӣ (як ҳиссаи ҳосилро мегирифтанд) ё пулӣ (аз рӯи масоҳати замин) ситонида мешуд. Вале хироҷро асосан дар шакли мол (мувофиқи қоида аз се як ҳиссаи ҳосили замини киштро мегирифтанд) меситонданд. Дар рафти ҷангҳои байнифеодалӣ аксар ба ғайр аз андозҳои дигар аз аҳолӣ соле якчанд маротиба хироҷ меғундоштанд. Дар давраи хониҳои Осиёи Миёна барон ғундоштани хироҷ дар ҳар ноҳияю деҳаҳо саркор, девонбегӣ ва муҳассил  таъин менамуданд. Хони Хева Муҳаммадраҳими 1 (4775—1325) хироҷи пулӣ ҷорӣ намуд. Мувофиқи он хироҷ аз миқдори ҳосили ғундошта не, балки вобаста ба хоҷагӣ ва масоҳати замин гирифта мешуд. Дар Осиёи Миёна баъди ғалабаи Револютсияи Кабири Сосиалистии Октябр хироҷ барҳам хурд. Ф. Курбонов.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …