Маълумоти охирин
Главная / Илм / ХИМИЯИ ТАҲЛИЛӢ

ХИМИЯИ ТАҲЛИЛӢ

ХИМИЯИ ТАҲЛИЛӢ, илмест оид ба усулҳои омӯзиши таркиби моддаҳо. Xимияи таҳлилӣ аз ду қисми асосӣ — галили миқдорӣ ва таҳлили сифатӣ иборат аст. Ғайр аз ин дар Xимияи таҳлилӣ таҳлили техникӣ низ вуҷуд дорад, ки ба маҷмӯи усулҳои таҳлили органикӣ, ғайриорганикӣ, сифатӣ ва миқдорӣ асос ёфтааст. Xимияи таҳлилӣ дар инкишофи химия ва миуайян намудани қонунҳои асосии он, кашфи моддаҳон гуногуни элементҳои нави химиявӣ ва ғайра таъсири калон гузоштааст. Тараққиёти химия ва зиёд шудани моддаҳои синтезии ноорганикию органикӣ бошад, боиси инкишофи босуръати усулҳои таҳлилӣ гардид.

ximiya1

Давраҳои аввали инкишофи химия усулҳои таҳлилӣ ба омӯзиши хосияти физикии моддаҳо асос ёфта буданд. Усулҳои мазкургро Абӯрайҳон Берунӣ ва Абуалии Сино ҳангоми тадқиқи маъданҳо васеъ истифода менамуданд. Асосгузори таҳлили химиявии илмӣ олими англис Р. Бойл (асри 17) мебошад. Бойл ба элементҳо таҷзия шудани моддаҳоро «таҳлил» номид. Тараққиёти Xимияи таҳлилӣ дар СССР ба индустриякунонии мамлакат зич алоқаманд аст. Дар аксар мактабҳои олӣ кафедраҳои Xимияи таҳлилӣ мавҷуданд. Дар СССР доир ба Xимияи таҳлилӣ журналҳои «Заводская лаборатория» (1932) ва «Журнал аналитической химии» (аз 1946) нашр мешаванд.
Дар Тоҷикистон оид ба Xимияи таҳлилӣ дар Институтҳои химия ва геолоогияи Академияи Фанҳои РСС Тоҷикистон, Институти тиббӣ, Институти хокшиносии Вазорати хоҷагии қишлоқ, факултети химияи Университети Давлатии Тоҷикистон ва ғайра тадқиқот мебаранд.
Н. Почоҷонов.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …