Маълумоти охирин
Главная / Илм / ХИМИЯИ РАДИАСИОНӢ

ХИМИЯИ РАДИАСИОНӢ

ХИМИЯИ РАДИАСИОНӢ, як фасли химияро гӯянд, ки табаддулоти химиявии аз таъсири афканишоти ионизонанда ба вуҷуд ояндаро меомӯзад. Қобилияти реакцияҳои химиявиро ба амал овардани афканишоти ионизонанда баъди кашфи радиоактивият ошкор гардид. Xимияи радиасионӣ соли 1896 пайдо шуда бошад ҳам, чун соҳаи мустақили илм солҳои 40 асри 20 дар натиҷаи ба вуҷуд омадани реакторҳои ядрои ва истеҳсоли саноатии алементҳои тақсимшаванда (плутоний ва ғайра) тараққӣ кард. Баробари инкишофи ин соҳаи техника зарурати омӯзиши радиолизи об, ба маҳлул мубаддал шудани моддаҳои радиоактив, тағйироти масолеҳи гуногунн дар техникаи атомӣ истифодашаванда, реаксияи газҳо (ҷузъҳои ҳаво—ЭДО, СО) ва ғайра ба миён амад.

ximiyai-organiki
Вазифаҳои Xимияи радиасионӣ чунинанд: тадқиқи таъсири афканишоти ионизоснанда ба таркибу хосияти масолеҳи гуногун; коркарди усулҳои аа вайроншавӣ нигоҳ доштани онҳо; истифодаи афканишоти ионизонанда дар технологияи химиявӣ (барои синтези радиасионӣ-химиявии пайвастҳои оргаликӣ ва ғайра). Тараққиёти Xимияи радиасионӣ ба соҳаҳои гуногуни илм ва техника (физикаи атомӣ, энергетикаи атомӣ, тадқиқоти кайҳон ва ғайра) алоқаманд аст. Як қатор масъалаҳои асосии назариявӣ ва амалии Xимияи радиасиониро олимони советӣ кор кардаанд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …