Маълумоти охирин
Главная / Илм / ХИМИЯИ ОРГАНИКӢ

ХИМИЯИ ОРГАНИКӢ

ХИМИЯИ ОРГАНИКӢ, илмест, ки моддаҳои органикӣ (пайвастҳои карбонро бо элементҳои дигар) ва қонунҳои табаддулоти онҳоро меомӯзад. Карбон бо аксар элементҳо пайваст ҳосил мекунад. Дар Xимияи органикӣ ҳар як карбогидрид қатори генетнкӣ дорад. Қатори генетикиро дар натиҷаи ба ин ё он гурӯҳи функсионалӣ, ки хосияти химиявии ин моддаҳоро муанян мекунад, иваз кардани атоми карбогидриди мазкур ҳосил мекунанд. Масалан, хлориди метил СН3СI, спирти метил СН3ОН, метиламин СНЗNH2, нитрометан CНзNО2 ва ғайра ба қатори генетикии метан мансубанд.

ximiyai-organiki
Химияи органикӣ таърихи бисёрсола дорад. Ҳанӯз то асри 4 м. одамон аз шираи ангур шаробу сирко тайёр карда, баъзе моддаҳои табиии органикиро чун дорувор истифода мебурданд; римиҳо ба чарбу собун тайёр мекарданд. Ваъдтар (асри 4 м.) усули ба найшакар тайёр намудани қанд маълум гардид. Дар натиҷаи истифодаи усулҳои буғронӣ бошад аз наботот як қатор равғанҳои эфирӣ, спирти чӯб (спирти метил), кислотаи сирко ва якчанд моддаҳои дигар ҷудо карда шуданд.
Дар СССР оид ба Химияи органикӣ дар инсттутҳои тадқиқоти илмии Академияи Фанҳои СССР, Академияи Фанҳои республикаҳои иттифоқӣ, донишкадаҳои олӣ ва ғайра тадқиқот мебаранд. Дар РСС Тоҷикистон масъалаҳои Химияи органикӣ аз соли 1945 (баъди дар назди филиали тоҷикистонии Академияи Фанҳои СССР таъсис ёфтани лабораторияи илми) тадқиқ мешаванд. Дар инкишофи Химияи органикии Тоҷикистон саҳми В. И. Никитин арзанда аст. Таҳти роҳбарии ӯ дар асоси асетилен садҳо моддаҳои органикӣ синтез карда шуданд. Олимони тоҷик алҳол доир ба химияи, нефт, химияи ангиштсанг, синтези панвастҳои қатори диасетиленӣ, нахҳои химиявӣ, пайвастҳои табии ва ғайра тадқиқот мебаранд.
М. Самиев.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …