Маълумоти охирин
Главная / Илм / ХИМИЯИ НООРГАНИКӢ

ХИМИЯИ НООРГАНИКӢ

ХИМИЯИ НООРГАНИКӢ, Xимияи ғайриорганики, илмест оид ба элементҳои химиявӣ ва пайвастҳои соддаю мураккаби онҳо (ғайр аз пайвастҳои карбон, ки онҳоро химияи органикӣ меомӯзад). Таърихи инкишофи химияи ноорганикӣ бо таърихи умумии химия сахт алоқаманд аст (муҳимтарин комьёбиҳои химияи охири асри 18— аввали асри 19 масалан ба вуҷуд овардани назарияи оксигении сӯзиш, кашфи конунҳои стехиометрия натиҷаи омӯзиши моддаҳои ноорганикӣ буд).

ximiya

Қонунидаврӣ ва системаи даврии элементҳои Менделеев-асоси назариявии химияи ноорганикӣ аст. химияи ноорганикии муосир сохт ва хосиятҳои моддаҳои ноорганикиро на танҳо бо усулҳои химиявӣ, балки бо усулҳои физикӣ (масалан, опектроскопия) низ меомӯзад. химияи ноорганикӣ асоси илмии саноати химиявӣ (истеҳсоли намакҳо, кислотаҳо, ишқорҳо) ва металлургия мебошад. Адади пайвастҳои ноорганикӣ даҳҳо ҳазоранд. Комёбиҳои химияи ноорганикӣ ба вуҷуд овардани масолеҳи техникии навтарин хӯлаҳои гуногун, нимыоқилҳо, фавқудноқилҳо, масолеҳи сохтмон, оксидкунандаҳо, сӯзишвории киштиҳои кайҳонӣ ва ғайраро таъмин мекунад.
Дар Институти химияи Академияи Фанҳои РСС Тоҷикистон доир ба соҳаҳои гуногуни химияи ноорганикӣ (химияи фторидҳо, химияи элементҳои нодир ва паҳншуда, химияи металлҳоӣ асил ва хӯлаҳои онҳо, химияи моддаҳои флотасиони ва ғайра) тадқиқот мебаранд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …