Маълумоти охирин
Главная / Илм / ХИМИЯИ ФАРМАСЕВТӢ

ХИМИЯИ ФАРМАСЕВТӢ

ХИМИЯИ ФАРМАСЕВТӢ, илмест, ки хосиятҳои физикӣ ва химиявии моддаҳои доруӣ, сохти онҳо, алоқаи байни сохт ва таъсирашонро ба организм, тарзи истеҳсоли дору, назорати сифати он ва шароити нигаҳдорию фурӯши онҳоро меомӯзад. Дар Xимияи фармасевтӣ ҳангоми омӯзиши моддаҳои доруӣ, қонунҳои асосии химияи умумӣ, ботаника, зоология, физиология, биохимия, микробиология, инчупии қонуну қоидаҳои математика, физика, кристаллография, технологияи химиявӣ ва ғайра истифода мешаванд.

ximiya1

Яке аз вазифаҳои асосии Xимияи фармасевтӣ омӯзиши алоқаи байни таркиби химиявии моддаҳои доруӣ ва таъсири онҳо ба организм мебошад. Олимон гурӯҳҳои гуногуни атомҳоро ба молекулаи модда дохил намуда, доруҳои нав ба вуҷуд меоранд ва ба оргапизм таъсир намудани онҳоро меомӯзанд. Хусусият ва қувваи таъсирӣ моддаҳои доруӣ на фақат ба таркиб ва сохт, балки ба хосиятҳои физикию химиявӣ низ вобастаанд, ки донистани онҳо ба таъини тарзи таҳлил ва тартиби нигаҳдории онҳо кӯмак мерасонад.
Дар инкишофи Xимияи фармасевтӣ хизмати олими бузурги тоҷик Абӯалии Сино басо азиму назаррас мебошад. У дар қатори растаниҳои шифоӣ барои табобат моддаҳои минералӣ, масалан, сурма, симоб, нуқра, тилло, мис ва ғайраро низ пешнӣҳод намуд.
Xимияи фармасевтӣ ҳамчун илм дар асрҳои 16, яъне аз давраи пайдоиши химия ҷорӣ гардид. Дар Россия ва дигар мамлакатҳои Европа доир ба Xимияи фармасевтӣ тадқиқоти зиёде анҷом дода шуданд, ки дар он М. В. Ломоносов, Н. А. Меншуткюн, Т. Б. Ловиц, В. М. Севергин ва дигарон саҳми бузург гузоштанд. М. Макмадшоев.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …