Маълумоти охирин
Главная / Илм / ХИМИЯ

ХИМИЯ

ХИМИЯ, илмест, ки табдили моддаҳо, тағйири таркиб ва сохти онҳоро меомӯзад. Таърихи пайдоиши истилоҳи «химия» чандон маълум нест. Бино ба ақидаи аксар тадқиқотчиён, химия аз номи қадимаи Миср — Хемия (аз «хем» ё «хеме» — сиёҳ гирифта шуда, илми «сарзамнни сиёҳ», (илми «Миср»-ро ифода мекунад) ба вуҷуд омадааст.

ximiya

Xимия бо як қатор илмҳои дигар (физика, биология, геология, геохимия, биохимия, геобиохимия ва ғайра) ва ҳамаи соҳаҳои хоҷагии қишлоқ сахт алоқаманд аст. Xимия ба ду қисми асосӣ (химияи ноорганикӣ ва химияи органикӣ) ҷудо мешавад. Пайдоиш ва тараққиёти химия таърихи бисёрсола дорад. Дар Миср, Хитой, Ҳиндустон ва дигар мамлакатҳо металлҳои ранга (баъдтар металлҳои сиёҳ), рангубор, шиша ва ғайра истеҳсол менамудаад. Аҳолии Миср, Юнон, Рим ва ғайра моддаҳои аз табиати зинда ва ғайризинда ҳосилкарда (масалан, сулфур, симоб, сулфати мис, карбонати оҳан ва ғайра)-ро чун дорувор истифода мебурданд. Асрҳои 3—4 м. кимиё ба вуҷуд омад. Кимиёгарҳо солҳои зиёд ба ҷустуҷӯи кибрити аҳмар, «оби ҳаёт» ва ғайра машғул буданд. Онҳо бисёр моддаҳоро кашф карда, ҷараёни реаксияҳои химиявиро омӯхта, дар ташаккули химия саҳми арзанда гузоштанд. Дар инкишофи химия саҳми олимони тоҷику форс — Закариёи Розӣ, Абӯрайҳони Берунӣ, Абӯалии Сино ва дигар арзанда аст. Аз давраи эҳё сар карда, дар натиҷаи тараққиёти истеҳсолот дар кимиё соҳаҳои амалии химия (металлургия, шишагарӣ истеҳсоли сафол, рангубор) ривоҷ ёфтанд. Баъдтар ягрохимия ба вуҷуд омад. Нимаи дуюми асри 17 олими ирландӣ Р. Бойл нодурустии тасаввуроти кимёгаронро оид ба элементи химияви исбот вамуд ва аввалин шуда, мафҳуми илмии элементи химиявиро пешниҳод кард. Аз нимаи дуюми асри 19 сар карда, дар химия таҳлили сифатӣ ва таҳлили миқдорӣ ривоҷ ёфт. Соли 1748 М. В. Ломоносов қонуни бақои массаро кашф намуд. Минбаъд қонуни эквивалентҳои Рихтер (1792 —1802), қонуни нисбатҳои доимии Пруст (1799—1806) қонуни каратии Далтон (1802—08), қонунҳои ГейЛюссак (1805—08) ва Авогадро (1811), қонуни изоморфизми Митчерлих (1818—19), қонуни гармиғунҷоиши хоси Дюлонг ва Пти (1819) ва ғайра кашф шуданд. Дар давоми 60 соли асри 19 ду мафҳуми асосии химия — вазни атом ва валентноки ё «атомнокӣ» ба амал омад. Оид ба сохти моддаҳои органикӣ назарияҳои нахустин — назарияи радикалҳо ва назарияи навъҳо ба вуҷуд омаданд. Соли 1861 А. М. Бутлеров назарияи сохти химиявиро пешниҳод намуд. Соли 1869 Д. И. Менделеев системаи даврии элементҳоро тартиб дод. Баъдтар ӯ дар заминаи ин система қонунеро кашф кард, ки Қонуни даврии Менделеев ном дорад. Дар тараққиёти химия ҳиссаи дигар олимони рус ва советӣ Н. О. Зелинский, В. В. Марковников, Н. Н. Зинин, А. Н. Бах, С. Н. Курнаков, Н. Н. Семенов, А. Н. Несмеянов, П. А. Ребиндер ва дигарон низ калон аст. Аз миёнаи асри 20 сар карда, дар баробари усулҳои классикии муайян намудани таркибу сохти моддаҳо усули воситаҳои физикию математикиро низ васеъ истифода мебаранд.
Дар Тоҷикистон бид ба соҳаҳои гунотуни химия дар Институти химияи Академияи Фанҳои РСС Тоҷикистон, кафедраҳои химияи Университети Давлатии Тоҷикистон ва Институти тиббии Тоҷикистон ва дигар мактабҳои олии республика тадқиқот мебаранд. Дар инкишофи РСС Тоҷикистон саҳми В. И. Някитин, П. М. Соложенкин, Э. У. Нуъмонов, И. Д. Глухов, С. С. Собиров, 3. А. Румянцева, Ҷ. Ҷ. Икромӣ, А. А. Ваҳобов, Д. Н. Почоҷонов ва дигарон. арзанда аст.
Адабиёт: Некрасов Б. в., Осиовы общей химии, ч. 1—2, Москва, 1973; Джуа М., История химии Москва, 1975; Быков Г. В., История органической химии, Москва. 1975; Манолов К., Великие химики, том 1— 2, М., 1976; Глинка Н. Л., Общая химия, Л., 1976; Азимов А.. Краткая история химии, Москва, 1983. М. Самиев.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …