Маълумоти охирин
Главная / Биология / Ҳифзи растанӣ

Ҳифзи растанӣ

Ҳифзи растанӣ, соҳаи илми хоҷагии қишлоқ, ки усулу роҳҳои муборизаро бар зидди касалӣ, зараррасонҳо, алафҳои бегонаи зироати хоҷагии қишлок ва бешазор, инчунин системаи тадбирҳои хоҷагиҳои ҷангалдорӣ ва хоҷагии қишлоқро оид ба пешгириву барҳамдиҳии осеби ба растанӣ расонидаи зараррасонҳо тадқиқ менамояд. Муҳофизати растанӣ на танҳо аз маҳви организмҳои зараррасон ё маҳдудгардонии доираи фаъолияти онҳо иборат аст, инчунин муайян намудани давраи пайдоишу миқёси паҳншавӣ, пешгирии паҳншавии махсусан организмҳои зараррасонро аз як кишвар ба кишвари дигар низ ба зимма дорад. Муҳофизати растанӣ дар заминаи муваффақиятҳои агрономия (деҳқонӣ, растанипарварӣ, фитопатология ва антомологияи хоҷагии халқ ва ғайра), зоология ва ботаника (асосан систематика, анатомия, морфология, экология, географияи растанӣ ва ҳайвонот), генетика, биохимия ва физиологияи растанию ҳайвонот ва ғайра равнақ меёбад. Муҳофизати растанӣ ба метеорология иқлимшиносӣ, химияю физика, гигиена ва токсикология ва ғайра низ узван алоқаманд аст.

Назар ба маълумоти Ташкилоти хӯрокворӣ ва хоҷагии қишлоқи ТДМ дар натиҷаи касалӣ ва осеби зараррасонҳо соле тақрибан 20-25% ҳосили умумиҷаҳонии зироати хӯрокворӣ нобуд мешавад. Бинобар ин мавқеъ ва аҳамияти Муҳофизати растанӣ барои баланд бардоштани дараҷаи истеҳсол ва ҳифзи маҳсулоти хоҷагии қишлоқ хеле бузург аст.

Ҳанӯз 3 ҳазор сол то м. ба одамон офати малахи биёбонӣ ва зарари касалиҳои растанӣ маълум буд. Дар асарҳои нависандагони Юнони Қадим тавсифи касалиҳои занга, сиёҳкуя (сиёҳмушк), тосаки дарахтон ва ғайра мавҷуданд, ки зуҳури “ғазаби худо”  меҳисобиданд.  Аввали асри 18 ботаники франсавӣ Ж. Турнефор ва дигарон ба таснифоти касалиҳои растанӣ кӯшиш карданд. Нимаи дуюми асри 18 олими рус А. Т. Болотов, франсавӣ А. Тиллет, италиявӣ Ф. Фонтан, даниягӣ Я. Фабрисиус ва дигарон дар асоси таҷрибаҳои сершумор сирояти бисёр касалиҳоро собит намуданд. Нимаи дуюми асри 19 зарари азими иқтисодие, ки ҳашарот ва касалиҳои растанӣ (филлоксера, малах, фитофторози картошка ва ғайра) ба як қатор мамлакатҳо расонд, зарурати марказонии корҳои тадқиқотӣ ва дарёфти роҳҳои мубориза бо касалию ҳашароти зараррасонро нишон дод. Дар бисёр мамлакатҳои бюрои давлатӣ, департаментҳо, идораҳои энтомологию фотопотологӣ ба вуҷуд омаданд ва корҳои тадқиқоти илмиро ба роҳ мондаанд. Дар ШМА соли 1853 касби энтомолог ва 1888 ст. Энтомологи пайдо шуд.

Дар Россия охири солҳои 70 ва 80 асри 19 комиссияҳои энтомологии доим амалкунандаи оддеса ва Харков таъсис ёфт. Соли 1887 аввалин бор вазифаи энтомологи губерния ба расмият даромад. Соли 1904 дар Киев, Воронеж, Харков, Ставропол, Тошкент ва ғайра стансияҳои энтомологӣ ба вуҷуд омадаанд. То соли 1916 дар Россия 30 муассисаи энтомологӣ буд.

Охири асри 19 ва нимаи асри 20 олимони рус А. А. Ячувский, Д. И. Ивановский, И. Л. Сербинов, Г. К.  Бургвитс, америкоӣ Э. Смит, У. Стэнли ва дигар садҳо намудҳои нави замбӯруғҳои фитопатогенӣ, бактерия, вирус ва кирмҳои касалиангези растаниро муайян намуданд; Биолигия ва физиологияи бисёр зараррасониҳои хавфнокро омӯхтанд. Усулҳои зерини Муҳофизани растанӣ мавҷуданд:

Арготехникӣ, ки ба истифодаи усулҳои умумӣ ва махсуси агротехникӣ асос ёфтааст ва бо ёрии онҳо шароити экология ба инкишофу афзоиши организмҳои зараррасон номусоидро фаро овард, қобилияти худмуҳофизии растаниҳоро баланд мебардоранд. Ин усулро бори аввал дар аввали асри 20энтомологи рус Н. В. Курдюмов ба кор бурдааст. Дар инкишофи  он тадқиқоти олимони рус А. А. Ячевский, А. И. Борггардт, Д. Т. Страхов,В. Н. Шёгов, немис П. Зорауэр, Г. Гаснер, америкоӣ Г. Кейт, Р. Спрейг ва дигарон саҳми арзанда доранд. Махсусан дуруст гузаронидани киштгардон яке аз омилҳои асосиест, зеро кишти бемайлон боиси дар хок ғун шудани зараррасону ангезандаҳои касалӣ мегардад. Системаи хуби шудгори замин ҳам боиси кам ва нобуд шудани бисёр зараррасонҳо мешавад. Тоза ва ба навъҳо ҷудо кардани тухмӣ дар мубориза бо касалии растанӣ аҳамияти калон дорад. Сари вақд гузаронидани кишт ва ба замин андохтани нӯри омилҳои муҳити агротехникианд. Тадбири асосии муборизаи зидди зараррасонҳо, масалан, сангпуштаки гандум, бармаҳал ҷамъ овардани ҳосил аст.

Кишт ва парвариши навъҳои зироати ба касалӣ тобовар яке аз омилҳои муҳим аст. Дар омӯзиши проблемаҳои иммунитети растанӣ Н. И. Вавилон, А. А. Ячевский, П. Г. Чесноков, И. Д. Шапиров, Т. И. Федотова (ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ), И. Эриксон (Шветсия), Э Стэкмен (ШМА), Д. Карбоне, А. Арнауд (Италия) ва дигарон саҳми калон гузоштанд. Баъди ба вуҷуд овардани аввалин навъҳои мушунги говак ва пахтаи ба касалиҳои пажмурдагии фузариозӣ тобовар (ШМА) дар бисёр мамлакатхо ҳазорон навъҳои зироат ба даст оварданд, ки ба бисёр касаливу зараррасонҳо тобоваранд. Масалан, дар ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ навъҳои картошкаи ба тосаку фитофториоз ва офтобпарасти ба занга ва шумгиёҳ тобовар ва ғайраро ба вуҷуд оварданд. Инчунин навъҳои гуногуни гандум ва тамокуро ба даст овардаанд, ки ба бисёр касалиҳо ва зараррасонҳо тобоваранд.

Биологӣ, ки ба истифодаи ҳашароти дарранда ва паразит (эндомофагҳо), канаҳои дарранда (акарифагҳо), микроорганизмҳо, кирмҳо, паррандаҳо, ширхорҳо ва ғайрҳо барои маҳв ё кам кардани миқдори зараррасонҳо асос ёфтааст. Аввалин таҷрибаи истифодаи ҳашароти судбахш (мӯрчаи дарранда бар зидди кирмина ва ҳашароти зараррасон) дар Хитой бо муваффакият анҷон ёфт. Соли 1855 энтомологи америкоӣ  А. Фитч барои ба муҳити маҳал мутобиқ намудани яке аз паразитҳои пашшаи гандум кӯшид. Аммо омӯзиши усули биологӣ охири асри 19 вусъат гирифт. Солҳои 70 аз 520 намуди энтомофагҳо, ки аз дигар давлатҳо ба ШМА бурдаанд, 115 намудаш ба шароити маҳал мутобиқ шудааст. Инкишофи усули биологии Муҳофизати растани дар ШМА ба номи олимон Ф. Г. Фландерс, С. П. Клаузен, Ф. Г. Симмондс ва дигарон алоқаманд аст.  Дар Россия ба чунин тадқиқотҳо И. И. Мечников асос гузошт, ки занбӯруғ- ангезандаи мускардини сабзро бар зидди гамбуски зараррасони гандум ва лаблабу истифода бурдааст. Роҳҳои истифодаи паразиту даррандаҳои ҳашароти зараррасон дар ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ гуногун аст. Яке аз усулҳои самарабахши мубориза бо зараррасонҳо ба шароити маҳал мутобиқ кунонидани энтомофагҳое мебошанд, ки аз мамлакатҳои дигар оварда шудаанд. Масалан, паразити афелисунро, ки аз ШМА (1923,1930) овардаанд, ба муқобили ширинчаи сурх – зараррасони боғот бо мувафақият истифода карданд. Роҳи дигар истифодаи энтомофагҳои маҳаллӣ аст. Онҳоро дар био лабораторияҳо зиёд карда, ба киштзор сар медиҳанд, масалан, тӯхмхӯраки паразити трихограммаро бар зидди кирми тирамоҳӣ, мевахӯрак ва мӯр; гамбусаки криптолемусро бар зидди кирмҳои зироати ситрусӣ ва токзор; псевдофикусро бар зидди кирминаи Комсток; канаи даррандаи фитосейулюсро зидди тортанаканаи гармхона ва ғайра ба кор мебаранд.

Ба мувофиқи зараррасониҳои зироати хоҷагии қишлоқ дар як қатор мамлакатҳо занбӯруғҳои патогенӣ, бактерия ва вирусҳоро низ истифида мекунанд. Соли 1962 дар ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ истеҳсоли биопреперати бактериявии энтобактерин ба роҳ монда шуд ва бар зидди зараррасонҳои баргхояк бо муваффақият истифода бурданд. Биопреперети занбӯруғии боверип дар маҳви гамбусаки колорадоӣ самарабахш аст. Соли 1962 дар заминаи занбӯруғи сапрофити хокӣ –антогонисти триходерма биопрепарати триходермин ҳосил кардаанд, ки ҳангоми ба хок андохтан ангезандаи касалиҳои зағир, ғалладона ва вилти пахтаро нобуд мекунад.

Химиявӣ, ба истифодаи моддаҳое асос ёфтааст, ки барои организмҳои зараррасон заҳранд. Махсусан баъди соли 1945 ба туфайли тарзи оддии истифода, самаранокӣ ва таъсири универсалӣ доштани як қатор моддаҳои химиявӣ вусъат ёфт. Дар бисёр мамлакатҳо соҳаи махсуси саноат- истеҳсоли пеститсидҳо мавҷуд аст. Солҳои 20-30 ба сифати инсектисидҳо асосан пайвастҳои маргимуш ва баъде препаратҳои барои одаму ҳайвоноти гармхун заҳрнокро истифода мебурданд. Баъди соли 1945 ба ҷои онҳо пайвастҳои органикии типи ДДт, гексахлоран ва ғайра ва солҳои 60 пайвастҳои хлор, фосфор ва нитрогендор ҷорӣ шуданд. Бар зидди алафҳои бегонаи хоҷагии қишлоқ даҳҳо гербисидҳо, ки ба гурӯҳҳои хеле гуногуни пайвастҳои химиявӣ тааллуқ доранд, самаранок истифода мешаванд.

Баробари ин аз ҳад зиёд ва яктарафаю бемасъулиятона истифода бурдани пестисидҳо дар як қатор мамлакатҳо боиси ифлосии замин, об, пайдоиши шаклҳои нави ба пестисидҳо тобовари зараррасонҳо ва ғайра шуд. Барои ин дар тамоми мамлакатҳо барои маҳдуд намудани истифодаи пестисидҳо тадбирҳо меандешанд. Дар ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ истифодаи пайвастҳои диенӣ (алдрин ва дилдрин), қариб тамоми препаратҳои маргимуш, ДДТ ва ғайра манъ аст. Роҳҳои дарёфти препаратҳои химиявии безарар ва дуруст истифода бурдани моддаҳои мавҷудаи химиявиро ҷустуҷӯй менамоянд. Инкишофи усули химиявии Муҳофизати растанӣ бо номи олимон Р. Д. О’Бриен , Ы. Г. Хорсфолл, Р. Л. Меткапф (ШМА), Э. Ю. Спенсер ( Канада ), Г. Мартин (Британияи Кабир), Г. Д. Угрюмов, А. Н. Несмеянов, А. М. Илинский (ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ) ва дигарон алоқаманд аст.

Механикӣ (бо роҳи кандани ҳар гуна чукуриҳо, истифодаи асбобу анҷоми гуногун барои сайду маҳв намудани зараррасонҳо, ҷамъ кардани тухм, кирминаю ҳашарот ва сӯзондани онҳо ва ғайра ), ки дар гузашта аҳамияти муҳим дошт, вале аз сабаи меҳнатталаб ва камсамар буданаш маҳдуд шудааст.

Пешрафти имрӯзаи биология, физика, химия барои ҷустуҷӯи усулҳо ва воситаҳои боз ҳам мукаммали Муҳофизати растаниро тадқиқ карда истодаанд, ки ба истифодаи омилҳои физикӣ- афканишоти радиактивӣ ва гармӣ, ултрасадо, нур ва ғайра асос ёфтааст. Гамма-шуъобарорӣ барои стерилизатсият ҳашарот (баъди ҷуфт шудани ҳашароти стерилӣ ва ғайристерилӣ насли онҳо қоболояти афзоишро гум мекунад) истифода мешавад. Стерилизатсия бо ёрии гаммашуоъбарории баъзе пайвастҳои химиявӣ, алалхусус, антибиотикҳо антимиаболитҳо ва ғайраҳо ба амал бароварда мешавад. Бо ин усул дар ҷазираи Кюрасаои британияи Кабир ва ШМА (17,5 млн га) паразити хавфноки чорвомагаси Cfllitroga hominivorax нест карда шуд. Дар ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ иод ба стерилизатсияи мевахӯраки себ, кирми тирамоҳӣ, кирми ғӯза ва донхӯраки нахӯди лӯбиё, ганбусаки анбор ва ғайра тадқиқот мебаранд.

Нимаи дуюми солҳои 40 асри 20 баъди ошкор намуда баъзе ҷиҳатҳои манфии усулҳои химиявии Муҳофизати растанӣ ба усули интегронидаи Муҳофизати растанӣ диққати ҷидди дода истодаанд. Моҳияти ин усул мусоидатии усулҳои химиявӣ ва биологии Муҳофизати растанӣ бо мақсади пурра нигоҳ доштани энтомофагҳои судманд мебошад. Олимони Инти зоология ва паразитологияи АФ РСС Тоҷикистон бо роҳбарии академик М. Н. Назриқулов дар пахтазори колхозҳои райони Ёвон ин усули Муҳофизати растаниро бо муваффақият ба кор мебаранд. Мақсади ин усул тадриҷан иваз намудани пестисидҳо бо усулҳои биологӣ ва ғайра мебошад.

Дар ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ оид ба тадбирҳои амалии Муҳофизати растанӣ Саруправленияи Вазорати хоҷагии қишлоқ оид ба Муҳофизати растанӣ, Шӯъбаи нигаҳбонӣ ва ҳифзи ҷангали Комитети давлатии хоҷагии ҷангали ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ ва ҳамчунин управленияҳои вазоратҳои хоҷагии қишлоқ, хоҷагии ҷангалдорӣ ва ст-ҳои Муҳофизати растании республикаҳои иттифоқӣ роҳбарӣ мекунанд. Марказҳои илмию методии Муҳофизати растанӣ инҳоянд: Институти умумииттифоқии тадқиқоти илмии Муҳофизати растанӣ (Ленинград) ва шӯъбаҳои Муҳофизати растании академияи илмҳои хоҷагии қишлоқи ба номи В. И. Ленин (Москва).  Дар Тоҷикистон оид ба Муҳофизати растании дар Институти зоология ва паразитологияи АФ РСС Тоҷикистон,, Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон, Институти зироати ВХҚ Тоҷикистон  , Институти биологияи Помир корҳои тадқиқотӣ мебаранд.

Дар ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ натиҷаи тадқиқотҳо оид ба Муҳофизати растанӣ дар журналҳои “Защита растений”,”Химия пеститсидов”,”Лесное хозяйство” ва ғайра чоп мешаванд.ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ аъзои Конвенсияи байналхалқӣ оид ба Муҳофизати растанӣ аст. Ҳар сол конгрессҳои байналхалқӣ оид ба  ва конгрессҳои байналхалқии фитопотология ва энтомология барпо мешавад.

Ад,: Берим Н.Г., Химическая защита растений, Л., 1966; Павлов И. Ф., Агротехнические методы защиты растений, М., 1967; Биологическая борба с вредными насекомыми и сорняками, М., 1968 ; Щепетилникова В. А. , Федерончик Н. С. , Биологический метод борбы с вредителями селскохозяйственных култур, М., 1968; Андреев С. В. , мартенс Б. К. , Молчайнова В. А., Биофизические методы в защите растений от вредителей и болезней, л,, 1969.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …