Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ХЕТАГУРОВ Коста (Констаптин) Леванович

ХЕТАГУРОВ Коста (Констаптин) Леванович

ХЕТАГУРОВ Коста (Констаптин) Леванович (15. 10. 1859—1. 4. 1906). шоири осетин, ходими ҷамъиятӣ, революсионери демократ. Асосгузори адабиётн осстинӣ. Нахустин рассоми осетин. Аз оилаи деҳқон. Ба сабаби нодорӣ Академияи рассомии Петербургро хатм карда натавонист. Ба забонҳои осстинӣ ва русӣ эҷод мекард. Шеъру достонҳои русиаш дар маҷмуаҳои «Шеърҳо» (1895), осетиниаш дар маҷмуаи «Сози осетинӣ» (1899) фароҳам омадаанд. Дар шеъру асарҳои публисистиаш манфиати мардуми кӯҳистонро ҳнмоя намуда, золимонро маҳкум кардааст. Аз Xетагуров якчанд асари рассомӣ боқист.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …