Маълумоти охирин

ЮНОНИ ҚАДИМ

ЮНОНИ ҚАДИМ, Эллада (юн. Hellas), номи умумии ҳудуди давлатҳои ғуломдорӣ дар ҷан. нимҷаз. Балкан, ҷаз-ҳои б. Эгей, соҳилҳои Фракия, як қисми Осиёи Хурдро гуянд.

yunoni-kadim

Очерки таърирхӣ. Бино ба маълумоти археологӣ одамон аз давраҳои қадим маскуни терр. Юнон буданд. Дар а-ҳои 8—6 то м. шакли алоҳидаи ташкилоти иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсии Ю. Қ.— полис (шаҳр — давлати аҳолиаш гражданҳои озод) ба вуҷуд омад. Аҳолии озоди полис соҳиби ғулом ва замин буд. Қасабасозии Ю. Қ. дар ҳамин давра авҷ гирифт. Дар заминҳои соҳили шимолии б. Эгей, қисми терции Сицилия, соҳилҳои халиҷи Терентии Италия ва соҳилҳои б. Сиёҳ қасабаҳои Ю. Қ. буньёд ёфтанд. Дар Ю. Қ. савдо аҳамияти байналхалқӣ пайдо кард. Муборизаи Демос бар зидди аъёну ашрофи авлодӣ ва ба ғулом табдил ёфтани одамони қарздор хусусияти асосии а-ҳои 8—6 то м. мебошад. Дар ох. а. 6 то м. бо сардории Спарта иттиҳоди чанд шаҳр — иттифоқи Полопонисс таъсис ёфт. Мустаҳкамшавии мавқеи Афина боиси тараққиёти Ю. Қ. гардид. Вай барои ғолиб омадани юнониён дар Ҷанги Юнону Эрон (300—449 то и.) роли калон бозид. Хусусан дар аҳди Перикл (443—429 то м.) Афина ба авҷи тараққиёт расид. Қатъи наар аз ин байни Афина ва Коринф дар масъалаҳои роҳи тиҷоратии Ғapo, байни Афина ва Спарта дар масъалай ҳукмронӣ дар Ю. Қ. зиддияти қатъӣ вуҷуд дошт, ки он боиси ҷанги Пелопоннес (431—404 то м.) гардид. Ҷанг бисьёр полисҳоро ба гирдоби худ кашида, нотавонии иттиҳоди Афинаро нишон дод ва бо мағлубияти он ба охир расид. Афина аз тамоми территорияи берунаи худ маҳрум гашт ва флоташ ба ихтиёри Спарта гузашт. Дар Ю. Қ давраи ҳукмронии Спарта оғоз ёфт. Дар ҷанг ба ғайр аз Афина, дигар шаҳрҳо низ талафот доданд. Иқтидори ҳарбии полис суст шуд. Тараққиёти минбаъдаи ғуломдорӣ, тиҷорат, ҳунармандӣ, хоҷагии молию пули асоси полисро вайрон кард. Қашшоқшавии деҳқонон ва ҳунармандон вазъияти полисро боз ҳам вазнинтар гардонд.

Спарта с. 395 ба муқобили Коринф ҷанг (395—387 то м.) cap кард. Афина, Коринф ва диг. иттифоқи давлатҳо бар зидди Спарта ҷангиданд. Мувофиқи сулҳномаи Анталкид (387) Спарта ҳудуди бар ҳамаи шаҳрҳои Ю. Қ. назорат карданро гирифт. Спарта душмани асосии мустақилият ва озодии Ю. Қ. гардид. С-ҳои 378—377 ба муқобили Спарта Иттифоқи дуюми баҳрии Афина таъсис ёфта, ба он Фива ҳам дохил шуд. С. 371 дар муҳорибаи назди Левктра фивагиҳо қушунҳои Спартаро мағлуб карданд. Баъди дар муҳорибаи назди Мантинея (362) ҳалок гардидани сарлашкари фивагиҳо — Эпаминонд давраи тараққиёти кутоҳмуддати Фива ба охир расид. Афина дар Иттифоқи дуюми Афина хост мавқеи худро мустаҳкам немуда, тартиботи Иттифоқи якуми баҳриро ҷорӣ кунад. Ин дар байни иттифоқчиён низоъ ба амал оварда, сабаби ҷанги с-ҳои 357—355 то м.-и иттифоқчиён гардид, ки дар натиҷа иттифоқ барҳам хурд. Дар ин давра дар шим. Ю. Д. Мақдуния торафт пурқувват мегардид. Шоҳи Мақдуния Филиппи II бо баҳонаи муҳофизати озодии эллиниҳо тадриҷан Ю. Қ.-ро ба даст даровард. У аввал соҳилҳои Фессалия, сипас Фокида, Халкидика ва Фракияро ба тасарруфи худ даровард. Дар ин давра дар Афина ва диг. полисҳо байни гуруҳҳои Мақдуния ва муқобилони он мубориза cap шуд. Бо роҳбарии Демосфен ба муқобили Мақдуния иттифоқи шаҳрҳои Ю. К- ташкил ёфт. Вай дар муҳорибаи назди Херонея (338) мағлуб шуд. Филиппи II с-ҳои 338—337 то м. дар Коринф конференция даъват намуда, тобеи Мақдуния гаштани Ю. Қ.-ро ба расмият даровард. Дар тамоми полисҳо тартиботи олигархи ҷорӣ гардид, ки онро гарнизонҳои мақдунӣ дастгирӣ мекарданд.

Муҳорибаи назди Херонея ва бо сардории Искандари Мақдунӣ ғалаба кардани қушунҳои юнонию Мақдунӣ дар Ю.Қ. ба давраи эллинизм бтидо гузошт. Баъди вафоти Искандар (323) империяи ӯ пароканда шуд. Ба ҷои он давлатҳои мустақили элинӣ ба вуҷуд омаданд. Империяи Селевкиён мутлақияти Птолемейҳо ва Мақдуния калонтарини онҳо буданд. Далвтаҳои Ю.Қ. бо ёрии Афина мекушиданд аз ҳукмронии Мақдуния раҳо ёбанд. Вале Афина дучори мағлубият шуд. Ду иттифоқи пурқувват: Архея ва Этолия гоҳо ҳамроҳ гоҳо алоҳида ба муқобили Мақдуния мубориза мебурданд. Агар ба иттифоқи Архея қисми зиёди Плеопоннес ва шаҳрҳои калон дохил шуда бошанд, ба иттифоқи Этолия ғайр аз Этолия қисми миёнаи Ю.Қ. (б ғайр аз Афина), ҷануби Фессалия ва якчанд шаҳрҳо дохил буданд. Ҷангу ҷидолҳои ворисони Искандар ва муборизаи ду иттифоқ барои ҳокимияти Ю.Қ. боиси харобии бисёр шаҳрҳо ва ба ғуломӣ фурӯхта шудани одамон гардид. Дар муҳорибаи назди Киноскефал (197) римиён мақдуниёнро мағлуб намуда ба корҳои дохилии юнониён дахолат мекардагӣ шуданд. Тобистони с.196 сарлашкари Рим Фламинин дар бозиҳои Истмий юнониёнро «озод» эълон кард. Аз ҳамон сол Ю.Қ. дар амал тобеи Рим шуд. Мақдуния мавқеи сиёсии худро гумм карда, ҳамроҳи Иллирияю Эпил ба яке аз вилоятҳои Рим табдил ёфт (148) ва Иттифоқи Этолия барҳам хӯрд. Иттифоқи Ахея ки ба Римиён муқовимат нишон доданӣ буд с.146 дучори мағлубият гашт. Ин воқеа ҳам сабаби дар амал зери тасарруфи Рим мондани Ю.Қ. гардид.

Баробари пойдоршавии Империяи Рим Ю, Қ. ба музофоти Ахеяи Рим табдил ёфт.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …