Маълумоти охирин
Главная / Илм / Ҳазрати Одам

Ҳазрати Одам

Ҳазрати Одам, Абулбашар, Булбашар, Xалифотуллоҳ, Сафиуллоҳ, Абулвафо, Абӯмуҳаммад, Муаллимуласмо, Аводим, дар асотири мусулмонон, яҳудиён ва насрониён нахустин одам ва падари одамиён, чуфти Ҳавво, ки гӯё Худованд ӯро аз хок офарида, баъди чиҳил рӯз ба ӯ ҷон ато кардааст. Бо фармони Худо ҳамаи малоик Одамро саҷда карданд, ҷуз Иблис.

Худо Одамро дар биҳишт ҷойдод ва Ҳавворо аз қабурғаи чапи Ӯ офарид ва хӯрдани гандум (ба ривояти «Таврот» хӯрдани себ)-ро ба оиҳо манъ кард. Ва гӯё Иблис бо ёрии мор ба биҳишт даромада Одам ва Ҳавворо ба васваса андохт, то гандум хӯрданд. Аз ин кор худованд ба хашм омада, Одам ва Ҳавворо аз биҳишт берун партофт ва онҳо бар Сарандеб ном мавзеи Ҳиндустон фуруд омаданд (ин амрро дар истилоҳоти динӣ Ҳубути Одам гӯянд).

Одам ва Ҳавво дар эҷодиёти даҳанакии халқи тоҷик ва ашъори шоирони классикии форс-тоҷик ҳамчун образҳои бадеии асотирӣ истифода шу­даанд. Саъдии Шерозӣ ба қиссаи Одам ва Ҳавво чунин ишора дорад:

Ҳадиси ишқ агар гӯй гуноҳ аст.

Гуноҳи аввал аз Ҳавво буду Одам.

Хофизи Шерозӣ дар байти зерин қиссаи Одамро зикр менамояд:

Ман малак будаму фирдавси барин чоям буд,

Одам овард дар ин дайри харобободам.

Мирзо Абдулқодири Бедил қиссаи Одам ва Ҳавворо бо оҳанги баланди иҷтимоӣ танқид кардааст:

Афсонаи бетамизии оламро

Фахме куну вогузор бешу камро.

Шайтон гардид қобили тавқи лаънат,

Берун карданд аз биҳишт Одамро.

Дар афсонаву ривоятҳои халқие, ки бештар характери динӣ до­ранд, Одам ва Ҳавво бо номҳои «Ҳазрати Одам» ва «Момоҳавво» ёд мешаванд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …