Маълумоти охирин
Главная / Биология / ХАЗОНРЕЗӢ

ХАЗОНРЕЗӢ

ХАЗОНРЕЗӢ, рехтани барги наботот (дарахту бутта ва баъзан алафҳо) -ро гӯянд. Баргҳо якбора (дар вақти муайян) ва ё тадриҷан (дар давоми чанд вақт) мерезанд.
Xазонрезӣ просесси мӯътадили физиологӣ буда, ба пиршавии баргҳо вобаста аст. Баргҳо одатан то 1 сол (баъзан то 2—5 ва ё зиёда аз 25 сол) сабз мемонанд. Пеш аз хазонрезӣ баргҳо аз ҷихати биохимиявӣ, физиологй ватаркиб тағйир меёбанд.

xazon-barg-tiramoh

Xазонрезӣ асосан ба набототи минтақаҳои иқлимашон номусоид хос аст (дар минтақаи мӯътадил зимистон ва дар минтақаҳои субтропикию тропикӣ айёми хушксолӣ). Xазонрезӣ дар ҷараёни таҳаввулот ба вуҷуд омада, ба кам бухор шудани намӣ мусоидат мекунад ва зимистон аз вазни барф шикастани шохаҳоро пешгирӣ менамояд.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …