Маълумоти охирин

ХАЗИНА

ХАЗИНА, 1) ҷои нигоҳ доштани пул, нуқра, тилло, ҷавоҳир ва дигар чизҳои қиматбаҳо; 2) сандуқи давлатӣ; 3) ҷои нигоҳ доштани чизе; 4) ҷои пинҳон кардани чизҳои қиматбаҳо ва талгаҳо (дар зери замин). Xазина сарчашмаи муҳимми таърихӣ буда, мувофиқи қонули советӣ моликияти давлат ҳисоб мешавад. Каси хазина ёфта, онро бояд ба давлат супорад.

xazina-tanga-tillo

Шахсе, ки хазинаро аз они худ мекунад, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад; 5) маҷмӯи захираҳои молиявии давлатҳои марказонидашуда. Дар мамлакатҳои капйталистӣ ташкилоти махсуси молияро, ки ба иҷрои бюҷети давлатӣ сару кор доранд, хазина мегӯянд. Дар СССР хазина вуҷуд надорад, вазифаи онро Банки давлатӣ иҷро мекунад.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …