Маълумоти охирин
Главная / Биология / ХАЗАНДАҲО

ХАЗАНДАҲО

ХАЗАНДАҲО (Reptilia), як синфи ҷонварони мӯҳрадорро гӯянд. Xазандаҳо аз қадимтарин обхокиҳо пайдо шуда, дар байни мӯҳрадорон аввалин ҷонваронеанд, ки ба ҳаёти хушкӣ мутобиқ гаштаанд.

xazanda
Ба хазандаҳои муосир сангпуштҳо, тимсоҳо, нӯлсарҳо (туатара) ва пулакчадорҳо (калтакалосҳо, моруо ва амфисбеновиҳо, ки амфисбену трогонофисро дар бар мегиранд) мансубанд. Аксари хазандаҳо дар хушкӣ (ҷойҳои кушоди офтобӣ ва аз ҷумла, биёбонҳои беобу гиёҳ) зиндагӣ мекунанд. Ҷои зисти ҳамаи тимсоҳҳо ва бисёр сангпуштҳо кӯлу дарё ва ботлоқзор аст; баъзе сангпушту морҳо дар баҳр ҳаёт мегузаронанд. Ғизои аксар хазандаҳо ҳайвонот (моҳӣ, ҷонварони бемӯҳраи обӣ, ҳашарот, обхокиҳо, паррандагону ширхӯрони хурд ва калон ва ғайру) аст; баъзеашон ҳайвоноту наботот ва сангпуштҳои хушкигард бошанд, фақат растанӣ мехӯранд. Бисёр хазандаҳо тухмгузоранд; баъзеашон тухмзиндазо ё зиндазоанд. Давраи аз тухм баромаданашон аз 1—2 моҳ то 1 сол аст.
Хазандаҳои мунқариз. Гурӯҳи нисбатан қадим ва соддаи хазандаҳо котплозаврҳо мебошанд. Охири давраи карбони эраи палеозой хазандаҳои даррандашакл (дар триас аз онҳо ширхӯрҳо пайдо шуданд) ва дар эраи мезозой ҳамаи намудҳои хазандаҳо (аз ҷумла хазандаҳои ҳозира) пайдо шуданд. Гурӯҳи нисбатан гуногун ва паҳнгаштаи хазандаҳои эраи мезозой архозавруо буданд. Охири эраи мезозой аксар гурӯҳҳои хазандаҳо нобуд шуданд.
Аз пӯсти тимсоҳ, мор ва калтакалосҳои калон пойафзол, ҷомадон ва ғайра тайёр карда, гӯшти баъзеи онҳоро мехӯранд. Аз заҳри мор доруҳои гуногун тайёр мекунанд. Калтакалосҳо ҳашарот, вале морҳо хояндаҳои зарарнокро нест карда фоида меоранд. Алҳол баъзе хазандаҳо (тимсоҳ, баъзе сангпуштҳо) хеле кам шудаанд.
Дар РСС Тоҷикистон 44 намуди хазандаҳо мавҷуд аст. Онҳо бештар дар дашту биёбон зиндагӣ мекунанд. 19 намуди хазандаҳои Тоҷикистон ба «Китоби сурхи РСС Тоҷикистон» дохил шудааст. Дар қаторкӯҳҳои Вахш изи хазандаҳои мунқариз (масалан, изи динозаврҳои азимҷусса, ки чанд млн сол қабл аз ин дар ин ҷо зиндагӣ кардаанд) ёфт шудааст.
Адабиёт: Чернов С. И., Фауна Таджикской ССР, т. XVIII, Пресмыкающиеся, Сталинабад, 1059; Соидалиев С. Л.. Земноводные и пресмыкающиеся Таджикистана, Душанбе, 1970. И. Абдусаломов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …