Маълумоти охирин

ХАТМӢ

ХАТМӢ, хитмӣ, хайрии сурх (Lavatera саkhemiriana), ьёрсолаест аз онлаи тугмачагулҳо. Аз 25 то 100 см қад мекашад. Пояаш рост, сершох, пашмакдор. Баргаш 3—5-парра, панҷашакл. Гулаш калон, қифшакл, гулобӣ ё бунафш (дарозии гул- баргаш 3—5 см). Мевааш гирдаи тугмашакл; тухмаш гурдашакл. сиёҳтоб.

Хатмии худруй дар Эрон, Афғонистон, СССР ва ғайра маъмул аст. Дар Тоҷикистон хатмӣ асосан дар ҷангалзори паҳнбарг, настаранзор ва юғанзори қаторкӯҳҳои Ҳисору Дарвоз, ҷануб ва шарқи республика (1450—2400 м а-з сатҳи баҳр) мерӯяд. Дар шароити табиии республика хатмӣ моҳҳои июн — июл гул мекунад ва моҳи август туҳм мебандад.

Xатмӣ гул ва гиёҳи шифобахши хеле маъмул (алалхусус дар Шарқ) аст. Саъдӣ гуфтааст:

Хайрию хатмию нилуфару бӯстонафрӯз

Нақшҳое, ки дар ӯ хира бимонад абсор.

Хусусиятҳои доруии хатмӣ, гули хайрӣ ва ғармаш қариб якхелаанд. Абӯалии Сино бо барг ва ҷӯшоби бехи хатмӣ «сӯзиш»-и пешобдону рӯда ба омоси рӯдаи ғафсро табобат мекардааст. Тухми хатмӣ хусусияти балғаму исҳоловарӣ дорад, инчунии сулфа ва хунпартоиро барҳам медиҳад. Сино аз хатмӣ марҳам тайёр карда, ба омос ва думбал (пучак) мебастааст.

Аз пояи хатмӣ нахи дурушт мегиранд ва аз он асосан арғамчину ресмони дурушт тайёр мекунанд. Хатмӣ ро пеш барои ранг кардани матоъ низ истифода мебурданд. Тухми хатмӣ 11—45% равған ва баргаш 112—206 мг% витамини С дорад.

М. Хоҷиматов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …