Маълумоти охирин
Главная / Илм / ХАТИ СУРИЁНӢ

ХАТИ СУРИЁНӢ

ХАТИ СУРИЁНӢ, хатест, ки барои сабти осори забони суриёнӣ истифода мегардид. Дар заминаи хати оромӣ пайдо шуда, ба монанди он 22 ҳарфи ҳамсадоро дар бар мегифт. Дар осори хаттии мансуб ба асрҳои 1-2 ҳарфҳо аз якдигар ҷудо ва равшану хоно навишта шудаанд. Вале баъдтар ҳарфҳои ба якдигар васлшуда зиёдтар гардиданд. Ин тарзи хат махсусан дар дастнависҳо бештар ба назар мерасад. Машҳуртарин шакли хати суриёнӣ эстрангело ё эстрангела мебошад, ки миёнаи ҳазораи 1 маъмул буд. Баъдтар (тақрибан соли 489) забон ва хати суриёнӣ ба ду шоха — настурӣ ва яъқубӣ (серто) тақсим гардид. Шохаи настурии хати суриёнӣ дар шаҳри Нисибияи тобеи давлати Форс, шохаи яъқубӣ дар шаҳри Эдесса мавриди истифода қарор ёфта буданд. Катибаи қадимтарнни хати суриёнӣ (руи санги мазор) ба соли 73, дастнавнс (китоб)-и қадимтарини хати суриёнӣ ба соли 411 мансуб аст. Ба хати суриёнӣ аксар матнҳои суғдии насронӣ (асрҳои ҷадид, дуоҳо, сурудҳои мутантан) ва матнҳои насронии ба забони форсии нав навишташуда боқӣ мондаанд.

Адабиёт: Основы иранского языкознания. Среднеиранские яаыки, Москва, 1981.

А. Хромов.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …