Маълумоти охирин
Главная / Илм / ХАТИ СУҒДӢ

ХАТИ СУҒДӢ

220px-sogdian_christian_text_written_in_estrangelo

ХАТИ СУҒДӢ, хатест, ки аз он барои сабти осори забони суғдӣ истифода шудааст. Дар асоси хати ороми ҳазораи 1 то мелод дар Суғди Қадим юстироъ шуда, 23 аламатро дар бар мегирифт. Нахустин осори он ба асри 1 то мелодӣ мансуб аст.

Аломатҳои хати суғдиро нахустин бор олими франсавӣ Р. Гото транслитерасия кардааст.

Дар хати суғдӣ аввалҳо ҳарфҳои ба якдигар васлшуда (лигатураҳо) кам буданд, ҳар як ҳарф тарзи навишти ҷудогона дошт ва онҳоро аз якдигар ба осонӣ фарқ кардан мумкин буд. Дар аввали асри 6 «хати сутра»— хати шикастаи номукаммали суғдӣ ташаккул ёфт, ки то асри 10 маъмул буд. Ба ин хат осори дини буддоӣ навишта шудааст. Хати шикастаи мукаммал тақрибан миёнаи асри 8 ба вуҷуд омадааст. Ба он ҳуҷҷатҳои кӯҳи Муғ, катибаҳо аз Афросиёб, Панҷакент, осори динҳои буддоӣ ва насронӣ навишта шудаанд. Дар хати шикаста ҳарфҳои восила зиёдтар истифода гардида, аломатҳоро аз якдигар фарқ кардан мушкилтар аст.

Шикастаи мутааххири хати суғдӣ, ки баъзан онро «суғдии уйғурӣ» ва  «уйгурӣ» мегӯянд, асрҳои 9—11 ташаккул ёфтааст. Дар шикастаи мукаммал ва хати «суғдии уйгурӣ» барои аз якдигар фарқ кардани ҳарфҳо аломатҳои диакритикӣ (нуқтаҳову аломатҳо дар зеру болои ҳарфҳо) маъмул гардидаанд. Истифодаи аломатҳои диакритикӣ ба ихтиёри котибон буд.

Ба ғайр аз хати умумисуғдӣ боз ду навъи хати суғдӣ (хатҳои маҳаллӣ) маъмул буд, ки яке аз онҳоро бухороӣ (навиштаҷоти расмии давлатӣ) ва дигарашро истаравшанӣ (катибаҳои рӯи зарфе аз Мунҷоқтеппа ёфтшуда) номидан мумкин аст. Дар ин ду маҳал ба ғайр аз хатҳои зикршуда хати умумисуғдӣ истеъмол мешуд.

Осори маълуму машҳури хати суғдӣ сиккаҳои асри 1 то мелод, «Номаҳои бостон», порчаи афсона дар бораи Рустам, асари буддоии «Веоантра-ҷатака», Ҳуҷуатҳои қалъаи Муғ, катибаҳои Афросиёб, Панҷакент ва ғайра мебошанд.

Адабиёт: Основы иранского языкознание. Среднеиранские языки, Москва, 1981.

А. Хромов.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …