Маълумоти охирин
Главная / Илм / ХАТИ ПАҲЛАВӢ

ХАТИ ПАҲЛАВӢ

ХАТИ ПАҲЛАВӢ, як навъи хат, ки дар асоси яке аз шохаҳои хати оромӣ тақрибан дар асри 3 сохта шуда, дар забони форсии миёна (паҳлавӣ), сабти катибаҳо, осори хаттии ин забон истифода мегардид. Xати паҳлавӣ дар аввал дорои 22 аломат буд. Вале баъдтар дар хати зуднавис (курсив) шакли ҳарфҳо ба якдигар монанд шуд ва шумораи онҳо ба 14—15 расид. Дар хати паҳлавӣ инчунин фарқияти байни аломатҳои катибаҳо ва осори хаттии китобӣ ба назар мерасад, ки инро аз ҷадвал мушоҳида намудан мумкин аст. Дар хати паҳлавӣ танҳо садонокҳои дароз ишора мешуданд. Самти зати паҳлавӣ аз рост ба чап буд. Дар хати паҳлавӣ лигатураҳо (ҳарфҳол васлшуда) ва ҳузвориш ба кор бурда мешуданд.
Адабиёт: Основы иранского языкознания Среднеиранскио языки. Москва, 1981.
Р. Додихудоев.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …