Маълумоти охирин
Главная / Илм / ХАТИ ЮНОНӢ

ХАТИ ЮНОНӢ

greek_language1

ХАТИ ЮНОНӢ, хатест, ки аз он дар асрҳои 10—8 то мелод юнониёни қадим истифода мебурданд ва ҳоло бо андаке тағйирот дар забони ҳозираи юнонӣ нигоҳ дошта шудааст. Манбааш хати финиқист. Юнониён хати финиқиро ба забонашон моҳирона мутобиқ карда, бори аввал дар таърихи хат барои ифодаи садонокҳо ҳарфҳои алоҳидаро ворид намуданд, барои ифодаи ҳамсадоҳо якчанд ҳарфҳо илова кардавд ва шаклу самти хатро тағйир доданд. Юнониён ба мисли финиқиҳо аввал аз рост ба чап, баъдтар як сатрро аз рост ба чап ва сатри дигарро аз чап ба рост менавиштанд. Аз асрҳои 7—6 то мелодӣ сар карда аз чап ба рост менавиштагӣ шуданд. Алифбои юнонӣ 24 ҳарф дошта, бисёр алифбоҳои забонҳои олам, аз ҷумла лотинӣ, славянӣ, арманӣ, гурҷӣ, готӣ ва ғайра ба он асос ёфтаанд.

Адабиёт: Истрин В. А., Возникковение и развитие писма, Москва, 1965.

А. Горбачевский.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …