Маълумоти охирин
Главная / Илм / ХАТИ ИБРОНӢ

ХАТИ ИБРОНӢ

ХАТИ ИБРОНӢ, хати яҳудиёни қадим ва ҳозираи ба забони ибронӣ (инрит), идиш, ладино (ибронӣ — испанӣ) гуфтугӯкунандаро гӯянд. Мувофиқи маълумоти Таврот ин хат дар асри 11 то мелодӣ вуҷуд доштааст. Осори қадимтарини Xати ибронӣ Тақвими гезерист, ки ба асри 10 то мелод мансуб аст. Ин Тақвим ба алифбои канъонӣ (ба хати финиқӣ қаробат дошт) мураттаб шудааст. Дар миёнаи асри 5 то мелод гузариш ба хати ороми (мураббаъ) огоз ёфт. Ва ин хат бо баъзе тағйирот ҳоло ҳам дар истифода аст.

idish-primer

Xати ибронӣ аз рост ба чап навишта мешавад. Номи ҳуруфи ибронӣ ба забони ибронии имрӯза чунин аст: алеф, бет, гимал, далет, ҳе, вов, зайн, ҳет, тет, йот, коф, ломед, мем, нун, самех, айн, пе, цаде, қоф, реш, шин ва син, тав. Ин номҳо аз алифбои қадимтарини сомии ғарбӣ, ки хатҳои угаритӣ, финиқӣ, юнонӣ ва ғайра аз он ба миён омадаанд, гирифта шудаанд. Ҳангоми истифодаи Xати ибронӣ дар забонҳои сомӣ садонокҳо дар хат истеъмол намешаванд. Дар забонҳои ғайрисомӣ — идишаабони романии ладино, забони қаронмӣ (туркӣ), ки аз Xати ибронӣ истифода мебаравд, садонокҳо вуҷуд доранд. Ғайр аз хати мураббаъ, анвои дигари Xати ибронӣ аз қабили хати Рашӣ (хати тафсирӣ Таврот ва Талмуд, хати райч ё «занона») хати чопии идиши асрҳои 15—19 хати сефарди (яҳудиёни Испания истифода мекарданд), хатҳои Марокашӣ, италиявӣ ва ғайра маълуманд. Дар матнҳои динӣ барои талаффузи дурустро риоя кардан системаи мураккаби аломатҳои китобатӣ, дар Xати ибронӣ асосан аломатҳои китобатии европоӣ маъмуланд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …