Маълумоти охирин
Главная / Илм / ХАТИ ХОРАЗМӢ

ХАТИ ХОРАЗМӢ

ХАТИ ХОРАЗМӢ, хатест, ки аз он барои сабти осори забони хоразмӣ истифода шудааст. Манбааш хати оромист. Ба хати суғди ва хати портӣ шабоҳат дорад. Қадимтарин осори он ба асрҳои 3—2 то мелодӣ тааллуқ дорад. Ҳуҷҷатҳои мансуб ба асрҳои 3— 4 ва 8, ки аз Тӯпроққалъа ба даст омадаанд, ҳамчунин катибаҳои рӯй зарфҳои чинӣ аз осори тоисломии хати хоразмӣ ба шумор мераванд. Дар давраи ислом чанд муддат ҷорӣ будани он муайян нагардидааст. Баъди истилои Хилофати Араб ҷои хати хоразмиро алифбои арабиасоси тоҷики (тақрибан дар асри 10) гирифт. Дар хати хоразмӣ ҳарфҳои … низ маъмул буданд. Ба замми ин, дар хати хоразмӣ аломати …- барои ифода овози фонемаи Ц ва варианти ҷарангноки он дз ихтироъ қарда шӯд.

Адабиёт: Боголюбов М. Н., О некоторих особенностях арабохорезмийской писменности, «Народы Азии и Африки», 1961

А. Хромов.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …