Маълумоти охирин
Главная / Илм / ХАТИ ФИНИҚӢ

ХАТИ ФИНИҚӢ

ХАТИ ФИНИҚӢ, як навъ хатест, ки финиқиҳо, карфагениҳо, яҳудиёни қадим ва дигар дар давлатҳои қадимии Финиқия, Сурия, Фаластин,қисман дар Миср, ҷазираи Кипр Киликия (вилояте дар Осиёи Хурд), Карфаген ва ғайра истифода мекарданд. Осори хати финиқӣ ба нимаи дуюми ҳазораи 2 то мелод— асри 4 то мелод мутааллиқанд. Сарчашмаҳои пайдоиши хати финиқӣ пурра таъин нагардидаанд. Ақидаи мӯътабартарин ин аст, ки хати финиқӣ аз хати ҳиҷоӣ ва 6 ҳамсадоии канъонии қадим (манбаи бисёр хатҳои Мисри Қадим) пайдо шудааст. Дар хати финиқӣ 22 ҳарфи ҳамсадо вуҷуд дошт. Баъдтар аломатҳо барои ишораи садонокҳои дароз пайдо шуданд. Қариб ҳамаи системаи хатҳои ҳарфию овозӣ, аз ҷумла ду шохаи калони хатҳо — хати ювонӣ ва хати оромӣ, ки манбаи бисёр хатҳоя ғарбӣ ва шарқӣ мебошанд, аз хати финиқӣ ибтидо гирифтаанд. Масалан, алифбои арабӣ, ки манбааш хати оромист, аз рӯи ному маънии ҳарфҳо ва қисман аз рӯи шакли онҳо ба хати финиқӣ мутобиқ аст.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …