Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «ХАТИ ДЮРАНД»

«ХАТИ ДЮРАНД»

«ХАТИ ДЮРАНД», номи шартии сарҳади Афғонистону Ҳиндустони Англия, ки баъди баимзорасии шартномаи байни намояндаи Англия М. Дюранд ва амири Афғонистон Абдурраҳмонхон ба вуҷуд омадааст. 12 ноябри 1893 ҳайати махсуси намояндагии Англия бо роҳбарии М. Дюранд дар Кобул амир Абдурраҳмонхонро ба имзои ин шартнома маҷбур сохт. Мувофиқи он сарҳадҳои шарқӣ ва ҷанубии Афғонистон аз даҳанаи Вахон то ҳудуди Эрон (масоҳати 2200 1«м). инчунин сарҳади шимолӣ аз Сари Кӯл то резишгоҳи дарёи Кӯкча ва Аму муайян карда шуданд. Дар асоси муохида ба ном «Минтақаи мустақил»-и афғоннишини Дир, Читрол, Свот, Боҷаур ва ғайра, ки дар онҳо бештар аз 3 млн. нафар афгонҳо мезистанд, тобеи Ҳиндустони Англия гардонда шуд. X. Назаров.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …