Маълумоти охирин
Главная / Илм / ХАТИ БОХТАРӢ

ХАТИ БОХТАРӢ

ХАТИ БОХТАРӢ, хатест, ки аз ои барои сабти осори забони бохтарӣ истифода шудааст. Дар асоси хати юнонӣ ба вуҷуд омадааст. 25 аломат дорад. Барои ифодаи овозҳои дар забони юнонӣ вуҷуд надошта дар асоси ҳарфҳои юнонӣ баъзе аломатҳои дигар ихтироъ шуданд.
Ду шакли хати бохтарӣ— ороста ва шикаста маълум аст. Дар хати бохтарии ороста ҳарфҳо аз якдигар ҷудо, равшан, ба шакли қиррадор ё мудаввар навишта мешуданд. Дар хати бохтарии шикаста ҳарфҳои васлшуда (лигатураҳо) зиёданд, ки ин ҳолат хондани матнро мушкил мегардонад.
Xати бохтарӣ хати расмии давлатии Кушониён низ буд. Дар асри 4 хати бохтариро ҳайтолиён қабул карданд.
Осори хати бохтарӣ навиштаҷоти аз Сурхкӯтал, Қаротеппа, сиккаҳо, сафолпораҳо, катибаҳои аз Урузгана ва водии Гочӣ ёфташуда мебошанд.
Адабиёт: Стеблии-Каминский И. М., Бактрийсий язык, дар китоби: Основы иранского языкознание. Среднеиранские языки, Москва, 1081. А. Хромов.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …