Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «ХАТАРИ ТАҲЛУКА ВА ЧОРАҲОИ ПЕШГИРӢ КАРДАНИ ОН» – асари В. И. Ленин

«ХАТАРИ ТАҲЛУКА ВА ЧОРАҲОИ ПЕШГИРӢ КАРДАНИ ОН» – асари В. И. Ленин

«ХАТАРИ ТАҲЛУКА ВА ЧОРАҲОИ ПЕШГИРӢ КАРДАНИ ОН», асари В. И. Ленин, ки 10—14 сентябри 1917 дар пинҳонкорӣ дар Гельсингфорс (Финляндия) навишта шуда, охири октябри 1917 дар нашриёти «Прибой» ҳамчун китобчаи алоҳида аз чоп баромад. В. И. Ленин дар он платформаи иқтисодии Партияи болшевиконро дар арафаи Револютсияи Кабири Сосиалистии Октябр асоснок карда, тарзи хоҷагидории ҷинояткоронаю вахшиёнаи буржуазия, инчунин дар натиҷаи фаъолияти сусти партияҳои ҳукмрони меншевикону эсерҳо ва ҷанги империалистӣ ба аҳволи вазнини иқтисодӣ расидани Россияро нишон додааст.
В. И. Ленин ҳаёти сиёси ва иқтисодии мамлакатро амиқ таҳлил намуда, ба хулоса омад, ки дар Россия марҳилаи ба револютсия сосиалисти гузаштан наздик расидааст. Пролетариат баробари ба даст гирифтани ҳокимият зарур мешуморад, ки аз болои истеҳсол ва тақсими маҳсулот назорат кунад, замини помешиконро мусодиро ва ҳамаи банкҳо, калонтарин монополияҳою ҳамаи заминҳои мамлакатро миллӣ кунонад. Дар айни замон Ленин аз ҷиҳати иқтнсодӣ ба пешқадамтарии мамлакатҳои капиталистӣ баробар шудан ва аз онҳо пеш гузаштани Россияро вазифаи таърихии пролетариат ва партияи он медонад.
Ленин барои мамлакатро аз ҳалокати иқтисодӣ халос кардан бо ин асараш ба болшевикон дастуруламали аниқ дод.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …