Маълумоти охирин

ХАТ

ХАТ, қисми умумин ду соҳаи ҳамсояи сатҳро гуянд. Нуқта ҳаракат карда ягон хат мекашад. Дар геометрияи аналитикӣ, дар ҳамворӣ хат тавассӯти муодилаи байяи координатаҳои нуқтаҳои он ифода мешавад. Дар системаи координатаҳои росткунҷа вобаста ба шакли муодила хатҳо ба навъҳо ҷудо мешаванд. Агар хат бо муодилаи Ғ(х, у) – 0[Ғ(х, у) — бисьёрузваи дараҷаи n-ум нисбат ба х ва у дода шавад, онро хати алгебравии тартиби n-ум меноманд. Х-и тартиби якум хати рост аст. Буришҳои конусӣ (эллипс, гипербола, параболӣ) хатҳои тартиби дуюманд. Графикҳои функсияҳои тригонометрӣ, логарифмӣ, нишондиҳандагӣ мисоли хатҳои ғайриалгебравианд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …