Маълумоти охирин
Главная / Илм / ХАТҲОИ ҲИНДӢ

ХАТҲОИ ҲИНДӢ

ХАТҲОИ ҲИНДӢ, гурӯҳи хатҳои Осиёи Ҷан. Шарқӣ, ки манбаи умумии пайдоиш ва принсипҳои ягонаи сохти алифбоӣ доранд.
Қадимтарин навъи хати Ҳиндустон катибаҳои иероглифии рамзкушоӣ нашудаи мӯҳрҳо (ҳазораи 3—2 то мелод) мебошанд, ки аз Моҳенҷо Даро ва Ҳараппӣ ба даст омадаанд. Нахустин осори адабии рамзкушоишуда ба асри 3 то мелод тааллуқ дорад ва ба хати ҳиҷоии браҳмӣ навишта шудааст. Аксари хатҳои ҳиндӣ дар асоси браҳмӣ ки аз чап ба рост навишта мешуд, ба миён омадаанд. Баробари браҳмӣ асрҳои 3 то мелод—5 мелодӣ дар Ҳиндустон хати кҳароштҳӣ низ вуҷуд дошт.
Ин хат ҳиндубохтарӣ буда, дар асоси хати оромӣ такмил ёфтааст. Қадимтарин катибаи хати кҳароштҳӣ ба асри 3 то мелод, охиринаш ба асрҳои 4—5 мансуб аст. Баъдан ҷои хати кҳароштҳиро хати браҳмӣ гирифт, Дар асоси он се шохаи хатҳои ҳиндӣ— шимолӣ, ҷанубӣ, ҷанубу шарқӣ ба миён омаданд. Ба шохаи шимолии хатҳои ҳиндӣ хатҳои гуптӣ (асрҳои 6—10), хати тибетӣ, (асри 7), нагарӣ (асрҳои 7 —8) шакли токомулёфтаи он — деванагарӣ маъмултарин алифбои Ҳиндустони Шимолӣ барои сабти осори забонҳои ҳиндӣ, маратҳӣ ва санскрит аст), шарада (асри 8), неварӣ (асри 12), хати банголи (дар асри 15 пурра ташаккул ёфтааст), хати ория, хати гуҷаротӣ; гӯрмукҳӣ (асри 16), кайтҳа, маҳаҷонӣ ва ғайра дохил мешаванд.
Ба шохаи ҷанубии хатҳои ҳиндӣ, ки шакли ҳарфҳояшон асосан мудаввар аст, хатигрантҳа (асрҳои 5—6) ва алифбои чор забони имрӯзаи Ҳиндустони Ҷанубӣ: каннада ва телугу (а. 5), малаялӣ (асрҳои 8—9) ва тамилӣ (асри 7) мутааллиқанд.
Хатҳои дар асоси хати қадимии палӣ ташаккулёфта: сингалӣ, бирмагӣ, кимерӣ, лаосӣ, таӣ, хатҳои қадими Ҳиндухитоӣ ва Индонезия, ки асосан берун аз хоки Ҳиндустон инкишоф ёфтаанд, ба шохаи ҷанубу шарқии хатҳои ҳиндӣ мансубанд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …