Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ХАСДУЗДӢ

ХАСДУЗДӢ

ХАСДУЗДӢ, майдадуздӣ, дар ҳуқуқи ҷиноятии советӣ як намуди дуздии молу мулки давлатӣ ё ҷамъиятист, ки ба давлату ҷамънят аз 50 сӯм зиёд зарари моддӣ намерасонад. Дар ин сурат мувофиқи қонун гунаҳкор ба муддати як сол ба корҳои ислоқкунӣ маҳкум ва ё аз 100 то 200 сӯм ба ӯ ҷарима андохта мешавад. Агар чунин кирдор аз тарафи шахсе содир шавад, ки пеш барои дуздӣ суд шуда бошад, ба муддати то 2 сол аз озодй маҳрум ва ба ҳамин муддат ба корҳои ислоҳкуни маҳкум ва ё ба маблағи аз 300 то 500 сӯм ҷарима андохта мошавад (мод. 97 Конуни Ҷумҳурии РСС Тоҷикистон)
М. Раҷаббеков.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …