Маълумоти охирин
Главная / Биология / ХАСАКИ ОБӢ

ХАСАКИ ОБӢ

ХАСАКИ ОБӢ, кастонаи обӣ, чилим, чормағзи аҷина (Trapa natans), як навъ гиёҳест обӣ (аз оилаи хасакобиҳо — Тгарасеае). Пояи он (дарозиаш 2—4 м) тавассути «чормағз» (хасак)-и лангармонанд ва решаҳои бӯртоби риштамонандаш растаниро аз қаъри об маҳкам мекунад. Дар вақтҳои обхезӣ пояҳои он аз қаъри об канда мешаванд ва дар об шино карда, дар ҷойҳои камоб боз реша меронанд. Гулаш майда (диаметраш 8—10 мм), сафед, баъзан гулобӣ. Мевааш яктухма, 2 ё 4-то «шохак» дорад; дар қаъри лойқа то 10 (аз рӯи маълумоти дигар то 45) сол қобилияти сабзишашро гум намекунад. Одатан дар ҳавзҳои оби ширин, кӯлҳо, дарёҳои сустҷараён нумуъ меёбад. Дар Тоҷикистон хасаки обиро дар гулҳавзи боғи ботаникии институти Ботаника мепарваранд.

35542
Мағзи хасакро аз қадим инҷониб истеъмол мекунанд. Онро Абӯалии Сино ва Абӯрайҳони Берунӣ чуи растании ғизоӣ ва доруӣ ном бурдаанд. Мағзи онро тару тоза, ҷӯшонда, бирён карда, инчунин дар таомҳои2 гуногун истифода мебаранд. Аз мағзӣ хушки хасак орд мекашанд ва бо орди гандум омехта нон мепазанд. Меваи хасаки обичун растании ғизоӣ дар Ҳиндустон, Хитой, Япония ва Африка мавқеи муқим дорад. Масалан, дар Африкаи Марказӣ аз қар га (дар кӯлқо) то 600 кг «кастонаи обӣ» (таъми мағзаш мисли кастона аст) меғундоранд. Мағзк хасаки оби хуштаъм ва серғизост. Он 15 фоиз оҳар, то 7,5 фоиз равған, беш аз 3 фоиз глюқоза, 15 фоиз моддаҳои нитрогендор ва ғайра дорад. М. Хоҷиматов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …