Маълумоти охирин

ХАРНУБ

ХАРНУБ, харруб, хурнуб, шамук, ҷинҷак, ҷингак, ҷингалак (Сеrotina silicua), дарахтест аз оилаи лӯбиёиҳо. То 10 м қад мекашад. Баргаш пармонанд, гулаш майдаи бебарг. Мевааш қаҳваранг, сергӯшту сершира, ширин (то 60 фоиз қанд дорад). Меваи харнуб яке аз ширавор Шохаи харнуб ҳои писандидаи мардуми кишварҳои баҳри Миёназамин аст; онро тару тоза ва дар таом истеъмол мекунанд, афшурааш шарбати маъмулест.

1601a-22

Чи тавре ки дар «Равзат-ус-сафо»-и Мирхонд (асри 15) гуфта шудааст: «Таоми эшон аксар доваи харнуб бошад». Аз меваи харнуб спирт мекашанд. Пӯстлохи танаву шохаш- ро барои ош додани пӯст ва рангубори матоъ истифода мебаранд. Тухми харнуб бӯрранг ва сахт аст, онро пештар чун ченаки вазн, яъне қирот (арабҳо меваи харнубро «қирот» мегӯянд) қабул кардаанд (тақрибан баробари 200 мг). М. Ҳоҷиматов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …