Маълумоти охирин

ХАРИ ИСО

ХАРИ ИСО яке аз образҳои адабиёти форс-тоҷик. Манбаи ин образ аз ривояти динист дар бораи Исо ва ҳайвони савории ӯ. Ҳангоми таъкид кардани кӯшиши беҳуда дар дигаргун сохтани аслу ҷавҳари касе ё чизе ба кор меравад. Масалан, агар гӯянд, ки тарбият ба одами ноаҳл кор намеояд, бар тасдиқи фикр ин образ истифода мешавад, чунон ки Саъдӣ гуфтааст:
Чук бувад асл гавҳаре қобил,
Тарбиятро дар ӯ асар бошад.
Ҳеҷ сайқал некӯ надонад кард,
Оҳанеро, ки бадгуҳар бошад.
Саг ба дарёи ҳафтгона бишӯй,
Ки чу тар шуд, палидтар гардад.
Хари Исо гараш ба Макка баранд,
Чун биёяд, ҳанӯз хар бошад.
А. Афсаҳов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …