Маълумоти охирин

ХАРИ ДАҶҶОЛ

ХАРИ ДАҶҶОЛ яке аз образҳои адабиёти форс-тоҷик. Манбаи он қиссаи динии хурофотист дар бораи Даҷҷол ном шахси фиребгар, ки даъвои пайғамбарй дошт. Даҷҷол гӯё дар пушти хараш хӯрҷине доштааст, ки дар як паллаи он оташ (рамзи дӯзах) ва дар дигараш гул (рамзи биҳишт) будаанд ва афродеро, ки ба ӯ имон меоварданд ё гуфтаи ӯро рад мекарданд мувофиқан ба «биҳишт» ва «дӯзах» мефиристодааст. Даҷҷол ва харашро Исои Масеҳ нест карда, мардумро аз шарру фитнаи ӯ раҳонидааст. Шоирони форс-тоҷик ҳамин мазмунро дар офариниши образи манфӣ, шахсони золиму хунхор ва зишткирдор истифода бурдаанд. Масалан, Сайфи Фарғонӣ гуфтааст:
Чу ботилро диҳӣ қувват ви баҳри дини ҳақ.
Ту Даҷҷолӣ дар ин айёму ҷаҳли ту ҳимори ту.
Агар хӯи замон гирӣ в-агар мулки ҷаҳон гирӣ.
Масеҳе ҳам падид ояд, к-аз ӯ бошад димори ту.
А. Афсаҳов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …