ХАРГУШ

ХАРГУШ, як навъ ҳайвони хояндаи ширхори хонагист (аз оилаи заргӯшҳо). Зотҳои гуногуни харгуш аз заргӯш — харгуши вақшӣ (Огусtolagus саniculec) пайдо шудаанд.

xargush
Азбаски харгуш зудрас ва сернасл аст, онро барои гӯшт, пӯст ва тибит мепарваранд. Xаргуш тамоми сол насл медиҳад. Дар 3—4-моҳагӣ болиғ мешавад. Даври ҳамлаш —28— 32 шаборӯз. Соле 3—6 маротиба (ҳар дафъа 6—8, баъзан беш аз 15) бача мезояд. Хӯроки асосии харгуш: алафи тар, бехмева, силоси сабзиву карам, хасбедаи нарм; ғалладона ва партови он, хӯроки омехта ва ғайра. Гӯшти харгуш серғизо ва парҳезист. Пӯсти харгуши тирамоҳӣ ва зимистонӣ (баъди тулак) хеле хушсифат аст.

Инчунин кобед

saharoza

САХАРОЗА

САХАРОЗА, қанди найшакар ё лаблабу, яке аз муҳимтарин дисахаридҳост, ки дар ҳамаи растаниҳои фотосинтезкунанда мавҷуд …