Маълумоти охирин

Ҳарфи О

О ҳарфи шонздаҳуми алифбои ҳозираи тоҷикист, ки аз алифбои русӣ гирифта шуда (1940), овози садоноки қатори ақиби бардошти миёнаи лабиро ифода мекунад. Ин овоз дар забони адабии ҳозираи тоҷик яке аз садонокҳои дарозу устувор буда, дар мавқеъҳои гуногуни фонетики талаффузи худро тағйир намедиҳад. Якчанд калимаҳои О-дор бо вари­анти а низ меоянд: шоҳ-шаҳ, роҳ- раҳ, қоҳ-қаҳ ва ғайра. Шакли навишти чопиаш О дастнависаш мебошад. Дар алифбои арабиасоси тоҷикӣ (то 1930) О алифи маддор Т аст. Дар алифбои лотиниасоси тоҷикӣ (1930— 40) шакли чопиаш Оо дастнависаш О O’ буд»

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …