Маълумоти охирин
Главная / Илм / Ҳарфи А

Ҳарфи А

А – ин ҳарфи якуми алифбои тоҷикӣ (аз соли 1940). Ҳарфи А дар алифбоҳои гуногуни кишварҳои европоӣ ва шарқӣ ҳарфи финикии алиф аст, ки он, зоҳиран, аз аломати идеогра­фии тасвири сари гов пайдо шудааст. Маънои калимаи финикии алиф «гов» мебошад. Дар Европа ин ҳарф ба воситаи алифбоҳои юнонӣ ва этрусию лотинӣ, дар Шарқ ба воситаи алифбоҳои суриёнӣ ва оромӣ маъмул гашт ва шаклҳои гуногун гирифт. Номи ҳарфи А. дар ибронии қадим «алиф», юнонӣ «алфа» (эҳтимол шакли таҳрифшудаи «алиф» бошад), славянӣ «азъ» («ман»), русию тоҷикӣ «а» мебошад. А. дар забони тоҷикӣ овози пасизабонии ғайрилабии кушодаро ифода мекунад. Шакли навишти чопиаш А а, дастнависаш А  а. Дар алифбои лотинии маъмул дар забони тоҷикӣ (1929- 1939) низ ҳамин шаклҳоро дошт. Овози «а» дар алифбои арабиасоси тоҷикӣ (маъмул аз асри 8 то с 1929) дар аввали калима бо алиф, айн – ақл), дар охири калима бо ҳои ҳавваз ( шона), дар мобайни калима бо аломати фатҳа ё забар (бародар) ифода мешуд. Ҳарфи А-и калон ва а-и хурд дар матнҳои илмӣ, ҳуҷҷатҳо барои ҷудо кардани қисмҳо, бобҳо, фаслҳо, моддаҳо ва ғайраҳо, инчу- нин дар муассисаҳои таълимӣ барои ҷудо кардани синфҳо, гурӯҳҳо ва ғайра истифода мешавад.

А…АН… (пеш аз садонокҳо), пешвандест, ки ба решаи калима ҳамроҳ карда мешавад ва ба ин васила калима маънои инкорӣ мегирад. Ин пешванд мансуб ба забонҳои ҳиндуевропоӣ аст ва аз рӯи вазифа ба пешвандҳои калимасозӣ на-, но-, бе- баробар мебошад. Калимаҳои зиёде дар забонҳои эронӣ авестоӣ, форсии қадим, форсии миёна (паҳлавӣ) вомехӯранд, ки дар таркибашон ҳамин пешвандро доранд, масалан: акаrtа- насохта, накарда, аbarа- mi – набурдан; акаrаnа(h) – беканор, анерон – гайриэрон, ғайриэронӣ аnahitа – ноолуда, аdatih – бедодӣ, аnhastih – нестӣ, анӯша – бемарг, безавол ва ғайра. Дар забони тоҷикии муосир ин навъ калимаҳо ба таври нодир мавриди истифода қарор гирифтаанд: асагда – осӯхта – носӯхта, нимсӯз; апеша – бекор, бепеша ва ғайра. Бо чунин маъниву вазифа дар забони тоҷикӣ калимаҳои иқтибосие (асосан аз за­бони юнонӣ) вомехӯранд, ки дар таркибашон а-, ан- доранд: аморфӣ – бешаклӣ; авитаминоз – нарасидани витамин; анемия – камхунӣ; асиммет­рия – ӣва ғайра.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …