Маълумоти охирин
Главная / Биология / ХАРЧАНГШАКЛҲО

ХАРЧАНГШАКЛҲО

ХАРЧАНГШАКЛҲО (Crustasea), харчангҳо, як навъ ҷонварони обиро гӯянд, ки бино ба таснифоти зоологӣ ба синфи ҳайвоноти бемӯҳраи типи бандпойҳо мансубанд. Қариб 20 ҳазор намудашон маълум аст, ба 5 зерсинф ҷудо мешаванд. Танаи харчангшаклҳо (аз чанд мм то 80 см) аз сар, сари сина ва шикам иборат аст. Дар сарашон мӯйлабча, чоғи болою поён доранд. Xарчангшаклҳо пои душоха доранд, ки яке аз он шохаҳо аксаран инкишоф намеёбад. Чашмонашон мураккаби ҷуфт ва баъзан тоқ аст. Xарчангшаклҳо бо ғалсама ва баъзан бо пӯст нафас мокашанд. Аксари Xарчангшаклҳо ҷонварони ҷудоҷиисаанд ва кирминаашон (науплиус) се ҷуфт изофаи буғумнок (антеннула, антенна ва хвалаҳо) дорад.

1479243106_carcinus-maenas
Xарчангшаклҳо дар баҳр ва обҳои ширин зиндагӣ карда, массаи асосии плаиктон ва баъзан қисми муҳимми бентосро ташкил мекунанд. Ҷои сукунати баъзе харчангшаклҳо хушкист. Xарчангшаклҳо бактерияҳо, организмҳои якҳуҷайра, детрит, наботот, ҷасади ҳайвонот ва ғайраро мехӯранд.
Бисёр харчангшаклҳо хӯроки моҳиҳоанд. Харчангшаклҳои даҳпойро одамон чун хӯрокворӣ истифода мебаранд. Баъзе харчангшаклҳо дар барооари фоида зарар низ меоваранд (масалан, иншоотҳои чӯбини дар об бударо вайрон мекунанд, тӯрҳои моҳидориро медаронанд ва ғайра). Як қатор харчангшаклҳо соҳиби мобайнии кирмҳои паразит (масалан, ришта) мебошанд.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …