Маълумоти охирин
Главная / Биология / ХАРБУЗА

ХАРБУЗА

ХАРБУЗА, биттих (Меlо заtivus), растании яксолаи полизист аз оилаи кадуиҳо. Палакаш дароз, баргаш калони яклухт ё панҷашакл, гулаш ҷудоҷинса, баъзан дуҷинса (ҳашарот гардолуд мекунад), ҳосилаш сертухми гуногуншакл (дарозиаш. аз 4 см то 2 м, вазнаш вобаста ба навъ аз 200 г то 16 кг).

xarbuza1
Xарбуза 5,5—6 ҳазор сол пеш дар Осиёи Миёна, Осиёи Хурд ва Эрон маълум буд. Онро аз асрҳои 2—3 м. инҷониб мекоранд. Тоҷикистон макони қадимаи харбузакорист. Хатлону Қабодиён, Хуҷанду Уротеппа ва Панҷакент аз асрҳои 3—4 м. бо харбузаҳои хуштаъму ширини худ машҳур буданд.
Дар асрҳои 12—14 харбузаро аз Осиёи Миёна ба Эрону Ироқ мебурданд.
Аа 500 навъи Xарбуза, ки дар Осиёи Миёна парвариш меёбад, беш аз 230 навъаш номи тоҷикӣ дорад, ки ин гувоҳи ватани харбуза будани диёри тоҷикон аст.
Ҳосили навъҳои харбузаи Осиёи Миёна сершираю сервитамин буда, аа 4,4 то 21 фоиз қанд, 7—9 фоиз ангиштобҳо, то 1 фоиз моддаҳои нитрогендор, то 2 фоиз равған, оҳар (крахмал), сафеда ва то 30 мг фоиз витамини С дорад. Xарбузаро ҳам тару тоза мехӯранд (асосан) ва ҳам хушконида истеъмол мекунанд, аз он мураббо ва ширинӣ мепазанд. Xарбуза барои муолиҷаи истисқо, заъфарма, дарди гурда, санги гурда, ҷароҳатҳои дарун ва ғайра фоиданок аст. Мағзи харбуза омос ва дарди чашмро бартараф мекунад. Xарбуза растании гармипарвард, ба об ва хоки ҳосилхез серталаб мебошад. Xарбуза растании серҳосил аст. Ҳар бех палаки он аз 1,5 то 20 кг (аэ 1 то 3 дона) ҳосил медиҳад. Дар заминҳое, ки дам дода шудааст, аз ҳар га 40—60 т. ҳосил мегиранд. 500 навъи харбузаи Осиёи Миёнаро аз рӯи мӯҳлати пухтанашон шартан ба навъҳои пешпазак, миёнсолӣ ва дерпазак ҷудо кардан мумкин аст: пешпазак миёнаҳои моҳи май мепазад) — зарҳандалак, ҳандалаки кӯкча, ҳандалаки бешак, зомуча, гулсар, ҳандалаки бухорӣ, даҳбедӣ, давлатбоӣ; миёнсолӣ (мионаҳои июн мепазад) —авезонӣ, алогургак, алоча, амирӣ, асадӣ, баргинозӣ, баргӣ, бешакширин, беҳзодӣ, бӯйшоқӣ, бӯрикалла, гургак, даҳбедӣ, дониёрӣ, зарметанӣ, лабиобӣ, лалмии зардтур, лақайӣ, камолӣ, кӯли хуштарин, муллосафоӣ, обинабот, парсилдоғ, тошлоқӣ, чокарӣ, шакарахалак, шакарпора, шерозӣ, ширинпӯчоқ, ҳасанӣ, қанднабот, ҷӯрақанд ва ғайра; дерпазак (:моҳи сентябри мепазад) — алопӯчоқ, андархамӣ, арконӣ, гулобӣ, нонгӯшт, саритокӣ, сиёҳпӯчоқ, токӣ, тиркашӣ, умрбоқӣ, шаббозӣ ва ғайра. Палаки харбуза бештар аз касалиҳои пажмурда, гардзанӣ, ҳашароти зараррасон — ширинча ва тортанаккана зарар мебинад. Чораҳои мубориза: риояи киштгардон, пошидани моддаҳои заҳрноки сулфури судаю карбофос, чуқур кашидани ҷӯякҳо.
Н. Шукуров.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …