Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / ХАРАКТЕР дар адабиёт

ХАРАКТЕР дар адабиёт

ХАРАКТЕР дар адабиёт, образи бадеист, ки бо як пуррагию тамомият ва хусусиятҳои фардӣ, ҳамаҷониба ва возеҳу равшан тасвир шуда, тавассути он, аз як тараф, ахлоқу тинати шахс назар ба вазъи иҷтимоию таърихӣ, аз ҷониби дигар, махсусияти дарки ахлоқию эстетикии ҳастин инсон аз назари эҷодкори асар ошкор мегардад. Xарактер ҳодисаи идеологӣ буда, офаридаи табъу завқи адиб, маънои дарки воқеият, баҳо додан ба он, тасаввуроти образнок роҷеъ ба имконоту пешомадҳои вай аст. Оид ба характер тавассути кирдору «ҳаракатҳои» зоҳирию ботинии қаҳрамон ва симои зоҳирии ӯ (портрет) тасаввурот ҳосил мешавад. Xарактер дар адабиёт бори нахуст дар Юнони Қадим пайдо шуда, дар навиштаҳои Арасту ба ҳукми истилоҳ даромадааст. Вале дар давраи атиқа характер назар ба сюжет ва фабула дуюмдараҷа ба ҳисоб мерафт ва ба онҳо тобеъ буд.
Дар адабиёти аҳди қадим ва асрҳон миёна, масалан эпоси қаҳрамонӣ Xарактерҳои умумӣ ва ҷомеъе офарида шудаанд, ки аз номи тамоми халқ баромад мекарданд (қаҳрамонони «Иллиада»-и Гомер, «Шоҳнома»-п Фирдавсӣ ва ғайра). Амалу кирдори характерҳои ин асарҳо такрорпазир буд.
Минбаъд фардияту нотакрории характер яке аз принсипҳои асосии эҷоди бадеӣ гардид. Вобаста ба ин таносуби тозаи характер ва фабулалу сюжет ба вуҷуд омад. Тибқи он характер нисбат ба ин ҷузъҳои асари бадеӣ муқаддамтар аст. Муҳимтарин дастоварди адабиёти реализми танқидӣ дар асри 19 офаридаии «характерҳои типӣ дар вазъиятҳои типӣ» (Ф. Энгелс) мебошад. Дар адабиёти реализми танқидӣ характер аз тамомияту яклухтӣ маҳрум бошад ҳам, доираи таҳлилу таҳқиқи он фарохтар гардид. Дар эҷодиёти Отеидал, О. Бальзак, Г. Флобер ва дигарон дар симои шахс як ҷаҳон муносибатҳои мухталифи инсонню ҷамъиятӣ инъикос ёфтаанд. Дар адабиёти реалистии рус (асри 19) (эҷодиёти Н. В. Гогол, А. С. Пушкин, М. Ю. Лермонтов, И. С. Тургенев, Н. Г. Чернышевскиб, Ф. Достоевский, Л. Н. Толстой ва дигар) типҳои мӯътамаду беназир офарида шудаанд. Адабиёти реалиами сосиалистӣ тамоми дастовардҳои гузаштаро дар роҳи офаридани характери мӯътамади фардӣ ба мерос гирифта, дар шароити гардишҳои инқилобӣ типи нави характерҳои ҷисман тавоною муқтадир ва рӯҳан солим, шахсиятҳои бузурги муборизу давронсоз эҷод карданд.
Дар адабиёти советии тоҷик характерҳое ба вуҷуд омаданд, ки давра ва зинаҳои асосии рушду камоли инсони нави озоду муборизро ифода мекунанд. Дар симои қаҳрамонони Айнӣ — Одина, Ёдгор, Эргаш, Қулмурод, Муҳаббат, Ҳасан ва дигар ҷараёни инкишофи характери халқи нъикос ёфтааст. Ҳасан (аз «Ҳасани аробакаш»-и М. Турсунзода), Ҳасану Қосимҷон (аз «Тобистон»-и П. Толис), Восеъ (аз «Восеъ»-и С. Улуғзода), Холи Ворухӣ (аз Шӯроб»-и Р. Ҷалил), Ҳайдарқулу Дилоромканиз, Шамсия, Муҳаррами Ғарҷ, (аз романн сегонаи Ҷ. Икромӣ «Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро»), Қурбон Маҷидов (аз повести Ф. Муҳаммадиев «Дар он дунё») ҳар кадоме характерҳои наву нотакрори адабиёти тоҷик буда, дар симон онҳо муҳимтарин хислатҳои халқ, сифатҳои маънавию ахлоқии он ҷамъ о.мадааст. Қорӣ- Ишкамба (аз «Марги судхӯр»-и С. Айнӣ), Асадмахсум, Низомиддин (аз «Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро»), Остонақули қушбегию Мирзо Акрамбоб (аз «Восеъ») ва дигар характерҳои ҳаҷвию манфии адабиёти тоҷик мебошанд.
Адабиёт: Вочаров С. Г., Характеры и обстоятельства, дар китоби: Теория литературы. Основные проблемы в историческом освещении. Образ. Метод. Характер, Москва, 1962. Ю. Акбаров.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …