Маълумоти охирин

«ХАМСА»

«ХАМСА» (арабӣ — панҷ, панҷгона), панҷ достони алоҳидаи як адибро гӯянд, ки дар як муҷаллад гирд оварда шудаанд. Анъанаи «хамса»-гӯӣ нахустин маротиба дар адабиёти форс-тоҷик пайдо шуда, баъди асрҳои 13—14 дар адабиёти дигар халқҳои Машриқзамин ҷорӣ гардидааст. Дар таърихи адабиёти форс-тоҷик шахси номаълуме панҷ достони Низомии Ганҷавиро дар як ҷилд гирд оварда, ба онҳо номи умумии «хамса»-ро ниҳодааст ва ба ҳамин сабаб Низомиро поягузори мактаби «хамса»-нигорӣ медонанд. Дар ҷавоби «хамса»-и Низомӣ аввалин бор шоири форс-тоҷик Амир Ҳусайни Ғурӣ (вафот 1318) «хамса» навиштааст. Аммо дар ҷодаи «хамса»-сароӣ Хусрави Деҳлавӣ муваффақияти бузурги эҷодиро ноил шудааст.Баъди Низомӣ, Ғури ва Хусрав шоирони бисёре аз қабили Хоҷуи Кирмонӣ, Ашраф, Ҷомӣ, Абдибеки Шерозӣ, Сарфии Каисмирӣ, Замонии Яздӣ, Номии Исфаҳонӣ, Ҳусайни Қазвинӣ ва дигарон анъанаи «хамса»-сароиро равнақ додаанд.
Достонҳои ҷавобия, маъмулан дар доираи вазну мавзӯи муфрад офарида шаванд ҳам, аз лиҳози хаҷмӯ ҳалли масъала, шумораи образу қаҳрамонон, васоити тасвир, хатти сюжету фабула, забону тарзи баён ва ҷиҳатҳои дигари ғоявию бадеӣ дар пояҳои гуногун меистанд. Масалан, Хоҷуи Кирмонӣ дар номгузорию интихоби мавзӯъ ва тафсири бадеии мазмунхои «хамса»-аш усули наверо пеш гирифтааст. Аюдурраҳмони Ҷомӣ бошад шумораи достонҳои «хамса» ро ба 7 расонидааст. Адибони турку озар, туркману уйғур, курду арман, пуштую урду, панҷобӣ, арабу ҳинду ва гурҷӣ низ дар интишору
инкишофи « хамса»-нигорӣ ҳисса гузаштаанд. Махсусан дар адабйёти туркзабон ин чиз бештар мушоҳида мешавад. Намунаи он «хамса»-и Алишери Навоӣ мебошад. А. Раҳмонов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …