Маълумоти охирин

ХАМРИЁТ

ХАМРИЁТ (аз арабӣ — май, шароб, бода), ашъореро гӯянд, ки дар васфи май, майгусорӣ, тарзи тайёр кардаии шароб, шароиту шартҳои истеъмоли сода, базмҳо ва ғайра эҷод шудаанд. Xамриёт дар адабиёти тоисломии араб [қисми насиби қасидаҳои Амр ибни Кулсум, Абӯмалик Ғиёс ибни Ғавс (640—710)) ба вуҷуд омада, баъдтар дар эҷодиёти Абӣнувос ба жанри мустақил табдил ёфтааст. Аз «Суруди оташкадаи Каркӯй», тасвири базмҳои ҷамшедӣ ва тавсифи маю мусиқӣ дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ бармеояд, ки хамриёт дар адабиёти қадими тоҷик низ вуҷуд доштааст. Намунаи хамриётро дар эҷодиёти Рӯдакӣ (қасидаи «Модари май» ва баъзе шеърҳои дигар) дарёфтан мумкин аст. Масалан, Рӯдакӣ гуфтааст:
Биёр он май, ки пиндорй равон ёқутиноб астӣ
Ва ё чун баркашида теғ пеши офтобастӣ.
Дар эҷодиёти намояндагони адабиёти классикии форс-тоҷик — Мануҷеҳри, Фаррухӣ, Ҳофиз («Соқинома») ва дигар хамриёт ба назар мерасад.
С. Имронов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …