Маълумоти охирин
Главная / Илм / ХАЛОЪ

ХАЛОЪ

ХАЛОЪ, халаъ, хало (арабӣ холӣ будан), тиҳӣ, дар фалсафаи классикии Арабу Аҷам фазои холиро номанд; бори нахуст дар таркиби мафҳумҳои фалсафаи атиқан Юнон шакл гирифта, сипас тавассути осори Арасту ба муҳити фарҳангии Шарқи Наздик ва Миёна нуфуз кардааст. Бар хилофи Левкипп ва Демокрит барин «мардумони хало», ки «олам андар хало ниҳодааст ва андар олам” низ хало аст» мегуфтанд, Арасту исбот мекард, ки халоъ умуман вуҷуд надорад. Вақте нақшаи геосентрии олам бунёди ҷаҳонбинии атиқаи юнонӣ қарор гирифт, як саволи муҳимми фалсафӣ пеш омад: берун аз сарҳади ин олами фазояш маҳдуд чизе ҳаст ё не? Агар бошад он халост ё мало? Дар «Ки тоб-ут-тафҳи-м»-и Абӯрайҳони Берунӣ омадааст, ки «гурӯҳе аз пешиниён (равоқиёи — А. Т.) з-он сӯй тиҳӣ биниҳодаанд бекарона». Худи Берунӣ, ки ба ақидаи атомистӣ майл дошт, дар андеша буд, ки чаро халоъ умуман вуҷуд дошта наметавонистааст. Абуалии Сино бошад, баръакс, ақидаи Арастуро пайрави карда, ҳамаҷиҳата собит кардан мехост, ки агар халоъ вуҷуд медошт, он ҳеҷ мебуд, ки ягон хосияти чизро надорад. Ба ҷуз далелҳои фалсафӣ (аз қабили «ҳеҷ ҷисм андар хало набувад» ва ғайра) Абуалии Сино ба исботи физикии набудани халоъ низ пардохтааст.

Баҳс дар атрофи вуҷуд доштан ё надоштани халоъ дар Европа ҳам хеле давом кард. Дар асри 17 бошад, ба баҳси доманадори файласуфон олимони табиатшпнос ҳамроҳ шуданд. Отто Герике озмуни физикие ороста кӯшиш кард, ки вуҷуд доштани халоъро исбот намояд. Файласуфони материалист мисли пешина дар чунин ақида устувор буданд, ки «фазои холи» гуфтани гап умуман маънии илмӣ надорад. Дар ибтидои асри 18 Толанд бо қатъияти том мафҳумии халоро аз ҷумлаи он иштибоҳҳои сершуморе донистдаст, ки аз таърифи материя сар мезанад. Физикаи онвақта ҳанӯз дар банди ақидаи атомистии замони атиқа буд. Аз ҷуьмла Ниютон гумон дошт, ки материя сар то сари фазои холии беинтиҳое баробар паҳн шудаст, ки мутлақ буда, ба сари худ, новобаста ба модда вуҷуд дорад.

Дар оғози чоряки дуюми асри 20 худи мафҳуми халоъ ба куллӣ тағйир ёфт. Дар асари назарияи релятивистии электрон (1928) ошкор гардид, ки фазои «холии» физикӣ ба маънии таҳтуллафзии истилоҳ холӣ нест (чунон ки ин аз физикаи классикӣ бармеояд): ҳарчанд ки вакуум аз зарраҳои муқаррарии модда иборат нест, дар дохили вай зарраҳои «нимҷон»-и атомӣ ҳастанд (онҳоро зарраҳои виртуалӣ меноманд); ҳангоми бо таъсири беруна ангохтани вакуум (тавассути таъсир кардан бо майдони электромагнитӣ) зарраҳои мазкур «ҷон гирифта» ба зарраҳои муқаррарӣ табдил меёбанд. Аз ин маънӣ ҳозир дар физика вакуум гуфта на фазои комилан холӣ, балки фақат фазоеро меноманд, ки дар дохилаш зарраҳои воқеии навъи муайян (масалан, позитронҳо) нестанд.

Вакууми физикӣ ба маънии ҳозираи истилоҳиаш (ҳолати кеҳини майдонҳои электрӣ, магнитӣ, позитронию электронӣ ва ғайра, ки ба ҳарорати сифри мутлақ рост меояд) аз мафҳуми халое, ки дар аҳди бостон шакл гирифта буд, фарсахҳо дур бувад. Физика ва космологияи навоин олами бағоят мураккаб ва рангоранги вакуумро кашф кард. Вале ин фақат оғози кашфиётҳои бузурги оянда мебошад, ки тасаввуроти моро дар бораи бунёну бунёди олам ба куллӣ тағйир хоҳанд дод.

А. Турсунов.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …