Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ХАЛИЛОВ Муҳаммад

ХАЛИЛОВ Муҳаммад

ХАЛИЛОВ Муҳаммад (таваллуд 1909, Самарқанд), актёри советии тоҷик («алкииРСС Тоҷикистон (1956). Аз оилаи косиб. Аъзои КПСС аз соли 1950. Дар Техникуми кооперативии шаҳри Самарқанд таҳсил карда, дар маҳфили ҳаваскорони санъат иштирок дошт. Соли 1931 ба ҳайати Театри давлатии тоҷик (ҳозира Театри давлатии драмаи академии ба номи Лоҳутӣ) қабул шуд. Xалилов ҳамчун актёре, ки ба ҷиҳатҳои зоҳирии нақш эътибори махсус медиҳад, як        қатор образҳои ҷолиб офаридааст. Дар байни онҳо Темур, Хӯҷаёр («Шодмон», «Калтақдорони сурхи С.  Улуғзода), Мутаввалӣ, Қудрат («Духтари ноком», «Дохунда»-и Ҷ. Икромӣ), Брабанцио, Капулетти («Отелло» ва «Ромео ва Ҷулетта»-и У. Шекспир), Рогҳупониён («Қурбонӣ»-и Р. Такур), Ҳодиниёи («Туй»-и С. Ғанӣ), Афросиёб («Рустам ва Сӯҳроб»-и А. Пирмуҳаммадзода ва В. Волкенштейн) ҷолиби қайд аст. Ба ролҳои мазҳакавӣ обуранги миллӣ дода, оҳанги ҳаҷвии асарро қувват медиҳад. Дар як қатор филмҳои студияи «Тоҷикфилм» иштирок кардааст.

Н. Дурҷонов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …